ПРОКУРОРҲОИ ТОҶИК ДАР ОН СӮИ УҚЁНУС ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА МЕКУНАНД
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр ҳайати намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунияти Тоҷикистон, иборат аз прокурорҳо ва судяҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд. Сафари намояндагони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба Амрико дар доираи Барномаи «Ҷаҳони боз», ки аз сӯи Конгресси ин кишвар маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад. Назар ба иттилои ҳамоҳангсози барномаи «Ҷаҳони боз» дар Тоҷикистон Анора Акбарова, прокурорҳо ва судяҳои тоҷик муддати 10 рӯз дар иёлоти Невадаи Амрико бо фаъолияти ҳамтоёни амрикоии худ ва вазъи қонуният дар ин кишвар шинос гардида, табодули таҷриба менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






