ПУРРАСОЗИИ НОРАСОИИ МУТАХАССИСОНИ ФУРУДГОҲ
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Сиёсати кадрӣ дар КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тибқи мақсадҳо ва стратегияҳои корхона сурат гирифта, ба беҳсозии шароити меҳнат, инчунин, ҳавасмандии моддӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мо дар масъалаи кадрҳо аз нигоҳи ташкилӣ аз он иборат аст, ки кормандон тибқи мақсад, стратегия ва дурнамои корхона тайёру интихоб гарданд, такмили ихтисос кунанд ва муваффақияту рушди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҳисоби технологияҳои нав ва ҳосилнокии меҳнат таъмин гардад, чунин иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини директори КВД «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе» Азиз Иброҳимов. Ӯ қайд кард , ки дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ масъалаи бо кор таъмин намудани кормандони аз кор маҳрумшуда бо ҷиддияти тамом дар миён меистад. Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо мақсади пуррасозии теъдоди норасоии мутахассисони баландихтисос тамоми тадбирҳоро андешида, ҳамчунин, барои ашхоси дорои чунин ихтисосҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил намуд. Дар ин давра, ҳамчунин, санҷиши дониши кормандони фурудгоҳ гузаронида шуд. Роҳбарияти фурудгоҳ ба мустаҳкам кардани заминаи моддӣ – техникӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои рўизаминӣ эътибори доимӣ медиҳад. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Халқии Чин як қатор таҷҳизоти авиатсионӣ ва техникаи хизматрасон (автобусҳо, зинаҳо, автокараҳо, транспортёрҳо, механизмҳои боркаш ва ғайра) харида шуданд, ки рўзҳои наздик ба фурудгоҳ дастрас карда мешаванд, зикр намуд А.Иброҳимов.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






