САНҶИШИ ТЕХНИКИИ НАҚЛИЁТ
Мӯъминобод, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилии ноҳияи Мӯъминобод тӯли 9 моҳи соли равон дар якҷоягӣ бо раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ, ошкор ва мусодира намудани яроқу аслиҳаҳои оташфишон ва лавозимоти ҳарбӣ оид ба баланд бардоштани интизоми хизматӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Аз ҷониби кормандони ин раёсат тӯли 9 моҳи соли равон 1939 ронандагони қонуншикан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 акти қонуншиканӣ зиёд аст.Ба гуфтаи ин манбаъ кормандони раёсат дар 9 моҳи соли ҷорӣ тавонистанд, ки 804 адад нақлиёти гуногунтамғаро аз муоинаи ҳатмии техникии давлатӣ гузаронанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






