ШАКЛИ НАВИ ВАРАҚАҲО

Октябрь 5, 2010 15:51

     Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ҷумҳурӣ шакли нави варақаи корношоямии муваққатӣ қабул гардид.       Бояд гуфт, ки гузаштан ба шакли нави варақаи корношоямӣ тибқи фармоиши муштараки Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири тандурустии ҶТ аз 1 октябри соли 2010 сурат гирифт. Шакли қаблан амалкунандаи варақаи корношоямӣ аз 1 октябри соли равон аз эътибор соқит дониста шуд.    Ёдовар мешавем, ки варақаҳои корношоямии муваққатӣ аз ҷониби мақомоти Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба муассисаҳои тиббӣ ройгон дода мешаванд. 

Октябрь 5, 2010 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид