ШИРКАТҲОИ СУҒУРТАВӢ КАМҲАВСАЛААНД Ё …
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ – августи соли 2010 ширкатҳои суғуртавӣ ҳамагӣ 500 ҳазор шартнома имзо намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 фоиз кам аст. Аз шартномаҳои имзошуда 72,9 фоизаш суғуртаи ихтиёрӣ буда 27,1 фоизаш суғуртаи ҳатмӣ мебошад. То 1-уми октябри соли 2010 дар ҷумҳурӣ 16 ширкати суғуртавии иҷозатномадошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 2 –тояш ширкати давлатӣ буда, 14 –тояш ширкатҳои ғайридавлатӣ мебошанд. Аз рӯи ҷамъбасти пешакии оморӣ, маблағи барномавии ширкатҳои суғуртавӣ 24 млн. 788 ҳазору 800 сомониро ташкил мекунад, ки хеле ночиз аст. Он чиз боиси нигаронӣ аст, ки аз 5 млн. аҳолии қобили меҳнат то имрӯз 1 млн. нафар ҳам суғуртаи ихтиёрӣ нашудаанд. Дар бораи суғуртаи амволи шахсӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳама ин гувоҳи он аст, ки ё мардум ба аҳамияти суғуртаи ихтиёрӣ сарфаҳм намераванд ё ширкатҳо дар кори тарғиби суғурта ниҳоят камҳавсалаанд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






