СОЛИ ИМОМ АЪЗАМ ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2009- БАРОИ МУСУЛМОНОНИ АФҒОНИСТОН ИЛҲОМБАХШ БУД

Октябрь 7, 2010 10:59

Душанбе, 6 октябр (АМИТ «Ховар» Назир Назиров). Дар суҳбат бо рўзманигор, сармуҳаррири рўзномаи «Щит» доктори илмҳои фалсафа Д.Назиров изҳор намуданд, ки тобистони соли 2010 ба Ҷумхурии Исломии Афғонистон ташриф оварда ва дар шаҳри Қурдуз бо яке аз ҳамватанонамон Мавлавӣ СайидРаҳматуллоҳ- имом хатиб ва мударриси мадрасаи «Хиёбон» мулоқот намуданд. Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ изҳори миннатдорӣ нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон баён намуд,чунки бо пешниҳодоти ў соли 2009- соли Имом Аъзам эълон шуда буд ва конфронси байналмиллалӣ низ гузашт, ки ин барои мустаҳкам  намудани мазҳаби ҳанафийа, устувор намудани дини ислом нақши муҳим бозид. Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ қайд намуд, ки дар мамлакатҳои араб нисбати пайравони мазҳаби ҳанафийа муносибати на он қадар хуб ба чашм мерасид ва пайравони ин мазҳабро шиъа мехонданд. Бинобар ин, мусулмонони пайрави мазҳаби ҳанафийа аз Афғоностон дар давраи зиёрати ҷойҳои муқаддас, яъне дар Арабистони Сауди пайрави мазҳаби ҳанафийа буданашонро пинҳон нигоҳ медоштанд, то ин, ки онҳоро шиъа нахонанд. Баъд аз соли 2009, ки дар Тоҷикистон 1310 – солагии Имом Аъзам, ё ин ки Абу Ҳанифа қайд карда шуд, дар мамлакатхои араб низ пайравони мазҳаби Абу Ҳанифаро ба тариқи расми шинохтанд. Акнун пайравони мазҳаби Абу Ҳанифа, ки аз Ҷумхурии Исломии Афғонистон ба зиёрати ҷойҳои муқаддас мераванд, дар бораи пайрави мазҳаби ҳанафийа буданашон ошкоро сухан меронанд ва ин албатта пеш аз ҳама хизмати бузурги Президенти Ҷ. Т.  Э. Раҳмон аст. Аз ин лиҳоз, Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ  қайд намуд, ки аҳли пайравони мазҳаби Абу Ҳанифа дар/ Ҷумхурии Исломии Афғонистон нисбати Президенти Э.Раҳмон бо бовари ва ҳурмату эҳтироми хос менигаранд.

Октябрь 7, 2010 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад