ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 18 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 », «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима шуданд. Инчунин, аъзои Шӯро таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки ҳадафи асосии пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои мазкур рушди устувори соҳаҳои гуногуни кишварамон мебошад. Ин матлабро Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва Сафаралӣ Раҷабов зимни баррасии масъалаҳо таъкид карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






