ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ҲУКУМАТИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 20 октябр. ( АМИТ «Ховар»).- Бо фармони вазири маорифи ҶТ ва дар мувофиқат бо раиси шаҳри Душанбе сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов аз вазифа барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Бобоева Гулнора Исломовна, ки қаблан вазифаи мудири маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахтро бар ӯҳда дошт, таъин гардид.