ТАҶДИДИ ДУБОРАИФАБРИКАИ МУРҒПАРВАРӢ
Мӯъминобод, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди «Мозандарон»-и Эрон дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Якарча»-и ноҳияи Мӯъминобод фабрикаи паррандапарвариро азнав таъмиру тармим намуда, фаъолияташро ба роҳ монданд.Дар фабрика истеҳсоли гӯшт ва саршумори мурғи гӯштиро ба роҳ монда, рӯз ба рӯз афзоиш медиҳанд. Директори ҶММ «Мозандарон»-и Эрон Иброҳим Маҳмуд Аҳмад дар вобастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки мақсади азнав ба кор шурӯъ намудани фабрика ин бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор мебошад. Ба иттилои манбаъ дар фабрика айни ҳол 10 000 сар мурғ парвариш ёфта, то ин муддат 60 тонна гӯшти мурғ истеҳсол гардидааст, ки вазни миёнаи онҳо дар 40 рӯз аз 2 кг то 2 кг 500 г дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар фабрика 80 нафар коргарон фаъолият дошта, дар ҳолати пурра ба кор даромадани фабрика масъулин метавонанд то 150 нафарро ба кор қабул намоянд. Роҳбарони фабрика тасмим гирифтаанд, ки то охири сол саршумори чӯҷаро дар дастгоҳи чӯҷабарорӣ ба 1 миллион дона расонанд. Бояд гуфт, ки нархи як килограмм гӯшти мурғи фабрика 12 сомониро ташкил дода, дар бозорҳои ноҳия ва гирду атрофи он фурӯхта мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






