ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ

Октябрь 26, 2010 14:12

     Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  иҷрои дастуру  супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни  мулоқот ба муносибати  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардааст», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Кумитаи истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов.       Мавсуф зикр кард, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба рушди забони давлатӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Бахусус, таҳияи Барномаи стратегияи  рушди забони давлатӣ  барои солҳои 2012-2016, татбиқи тадбирҳои муассир  барои ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони  илм ва рушди танзими истилоҳоти илмӣ, ҳифз ва барқарор намудани  номҳои таърихии ҷуғрофӣ,  андешидани татбиқи чораҳои  мушаххас барои беҳбудӣ бахшидани забони воситаҳои  ахбори омма, таъсис додани курсҳои омӯзиши забони  давлатӣ, таҳия ва нашри  китобҳои дарсӣ, фарҳангномаҳо, муҳовараҳои умумию соҳавӣ ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон аз ҳамин қабил аст.

Октябрь 26, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад