ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ИҶРОИ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардааст», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Кумитаи истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Додихудо Саймуддинов. Мавсуф зикр кард, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба рушди забони давлатӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Бахусус, таҳияи Барномаи стратегияи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони давлатӣ ҳамчун забони илм ва рушди танзими истилоҳоти илмӣ, ҳифз ва барқарор намудани номҳои таърихии ҷуғрофӣ, андешидани татбиқи чораҳои мушаххас барои беҳбудӣ бахшидани забони воситаҳои ахбори омма, таъсис додани курсҳои омӯзиши забони давлатӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, фарҳангномаҳо, муҳовараҳои умумию соҳавӣ ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ барои ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон аз ҳамин қабил аст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






