ТАЪХИРИ ҶАМЪОВАРӢ ВА ТАСФИДАНИ БОЗОРИ ҲАННОТОН

Октябрь 1, 2010 09:28

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тоин дам  ҳосили 3761 гектар замини картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  516 гектар зиёд аст.    Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, истеҳсоли картошка дар соли 2010  253 ҳазору 309 тонна пешбинӣ шудааст.    Хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ то 27 –уми сентябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 78 ҳазору 68 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин баробари 31 фоизи иҷрои нақшаи умумии картошка дар соли 2010 мебошад.     Рӯзҳои охир бо сабаби таъхир дар кандани картошка ва ворид намудани  он ба бозорҳои ҷумҳурӣ нархи картошка ҳар соат тағйир ёфта, рӯ  ба болоравӣ дорад.  Истифода аз вазъи баамаломада, ҳаннотону ҷаллобон нархро ба таври сунъӣ баланд мебардоранд. Мутасаддиёни бозорҳои шаҳр бошанд оид ба пешгирии ин амалҳои номатлуб кореро анҷом намедиҳанд. Ин беамалии мутасаддиён боиси овоза шудани ҳар гуна гапу калочаҳо миёни мардум гардида, боварӣ нисбат ба роҳбарону мутасаддиёни соҳаи савдо рӯз то рӯз аз ҷониби шаҳрвандон коста мегардад.  

Октябрь 1, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад