ТАЪХИРИ ҶАМЪОВАРӢ ВА ТАСФИДАНИ БОЗОРИ ҲАННОТОН
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тоин дам ҳосили 3761 гектар замини картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 516 гектар зиёд аст. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, истеҳсоли картошка дар соли 2010 253 ҳазору 309 тонна пешбинӣ шудааст. Хоҷагиҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ то 27 –уми сентябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 78 ҳазору 68 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин баробари 31 фоизи иҷрои нақшаи умумии картошка дар соли 2010 мебошад. Рӯзҳои охир бо сабаби таъхир дар кандани картошка ва ворид намудани он ба бозорҳои ҷумҳурӣ нархи картошка ҳар соат тағйир ёфта, рӯ ба болоравӣ дорад. Истифода аз вазъи баамаломада, ҳаннотону ҷаллобон нархро ба таври сунъӣ баланд мебардоранд. Мутасаддиёни бозорҳои шаҳр бошанд оид ба пешгирии ин амалҳои номатлуб кореро анҷом намедиҳанд. Ин беамалии мутасаддиён боиси овоза шудани ҳар гуна гапу калочаҳо миёни мардум гардида, боварӣ нисбат ба роҳбарону мутасаддиёни соҳаи савдо рӯз то рӯз аз ҷониби шаҳрвандон коста мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






