ТАЪИНОТИ НАВИ КАДРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ ХУҶАНД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Михолиқов аз 8 октябри соли 2010 Исоев Абдумубин Аскарович мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Ӯ, то таъин шуданаш ба ин вазифа, солҳои тӯлонӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Суғдгаз» вазифаи сармуҳандисро ба ӯҳда дошт. Ҳамчунин, Қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи мудири бахши меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин намудани Ғафуров Абдурозиқ Абдурашидович ба тасвиб расид. А. Ғафуров аз соли 2007 то ин дам дар вазифаи котиби озоди комиссияи таъин ва пардохти ҷуборонпулӣ барои пӯшондани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоати назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст. Номбурдагон тибқи озмун, бо назардошти қарори комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба вазифа таъин гардиданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






