ТАЪИНОТИ НАВИ КАДРӢ ДАР МАЪМУРИЯТИ ХУҶАНД

Октябрь 9, 2010 11:18

    Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Михолиқов аз 8 октябри соли 2010 Исоев Абдумубин Аскарович мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Ӯ, то таъин шуданаш ба ин вазифа, солҳои тӯлонӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Суғдгаз» вазифаи сармуҳандисро ба ӯҳда дошт.   Ҳамчунин, Қарори раиси шаҳри Хуҷанд дар бораи мудири бахши меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин намудани Ғафуров Абдурозиқ Абдурашидович ба тасвиб расид.   А. Ғафуров аз соли 2007 то ин дам дар вазифаи котиби озоди комиссияи таъин ва пардохти ҷуборонпулӣ барои пӯшондани хароҷоти истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоати назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст.   Номбурдагон тибқи озмун, бо назардошти қарори комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба вазифа таъин гардиданд.

Октябрь 9, 2010 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад