ТАЛАБОТ БА ҚУВВАИ КОРӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар охири моҳи августи соли ҷорӣ дар Хадамоти шуғли аҳолӣ 65,1 ҳазор нафар корталаб ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 8,6 фоиз ва нисбат ба сатҳи моҳи июли соли 2010 0,7 фоиз зиёд аст. Дар моҳи августи соли 2010 4,2 ҳазор нафар муроҷиаткунандаҳо барои таъмини кор дар қайди Хадамоти шуғли аҳолӣ гузошта шуда буданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – 3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 2,4 ҳазор нафар бекорон бо кор таъмин шуданд, ки ин баробари 58,9 фоизи муроҷиаткунандагон барои корро ташкил медиҳад. Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонаҳо ба Хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 8,3 фоиз кам шудааст. Дар соли ҷорӣ ба 1 ҷойи холии кори арзшуда 5,2 нафар талабгор муроҷиат намудааст, ки он дар соли 2009 ба 4,3 нафар рост меомад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






