ТАЪСИСИ КУРСИ ОМӮЗИШИ АЛИФБОИ НИЁГОН

Октябрь 1, 2010 15:53

         Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). – Имрӯз дар дафтари Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», дар Кохи Вахдати пойтахт бахшида ба иди Забон чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ зикр гардид, ки бо ташаббуси Анчумани мазкур дар ҷумҳурӣ курси семоҳаи омӯзиши алифбои ниёгон ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ асосан донишҷӯён ширкат варзиданд.             Бояд гуфт, ки ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ минбаъд низ давом хоҳад ёфт. Дар назар дошта шудааст, ки дар оянда курси омӯзиши забони англисӣ, ҳофизшиносӣ, шоҳномахонӣ ва омӯзиши санъатҳои шеърӣ ташкил шавад.             Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов, Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Амирҳусайни Ардуш, масъули бахши ройзании фарҳангии Эрон Ғазанфарӣ, устоди алифбои форсӣ, шоир ва пажӯҳишгари эронӣ Муҳаммадризо Тоҷиддинӣ иштирок намуданд. Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ дар ҷумҳурӣ равнақи тоза бахшидан ба омӯзиши хат ва алифбои ниёгон мебошад.   

Октябрь 1, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад