ТЕРРОРИЗМ — ХАТАРИ ҶАҲОНӢ

Октябрь 7, 2010 09:46

   Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 6 октябр Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон   бо    Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмай  мулоқот  кард. Расул Залмай  баъди  анҷоми мулоқоташ  бо  Сарвари  давлат   зимни  сӯҳбати  кӯтоҳ   бо  хабарнигорон  ақидаҳояшро чунин баён намуд: «Барои ман боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон маро ба ҳузур пазируфт. Афғонистону Тоҷикистон ду кишвари ҳамҷавори дӯсту бародар буда, бо ҳам равобити наздики дӯстона доранд. Имрӯз мулоқоти мо дар фазои дӯстонаю бародарона гузашт. Зимни он масоили дуҷонибаи минтақа, чӣ масоили иқтисодӣ, чӣ иҷтимоӣ ва чӣ амниятиро мо бо ҳам баррасӣ намудем. Сӯҳбати мо хеле самимӣ буд. Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмай  таъкид намуд, ки терорризм хатар сари як давлат набуда, балки он ба минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Афғонистон дар сатҳи аввали ҷанг ва мубориза бо терроризм қарор дорад. Кӯшиши асосии давлати Афғонистон низ ба он равона шудааст, ки бар зидди терроризм дар танҳоӣ не, балки дар якҷоягӣ мубориза барем». Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба мулоқоти дуҷониба иброз намуд, ки: «Ман дар мавриди тақвият додани муносибатҳои байни ду кишвар ҳаминро таъкид намуданиям, ки бояд дар байни давлатҳои мо ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию фарҳангӣ муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоядорӣ ҷой дошта бошад. Яке аз масъалаҳои муҳим ин амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ва кӯмакҳои дуҷониба дар пайи боз ҳам мустҳакам намудани дӯстӣ ва рафоқати байни ду кишвар мебошад, ки имрӯз мо бо Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Расул Залмай  дар мулоқоти назди Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ин масоилро матраҳ намудем».

Октябрь 7, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад