ВУРУДИ 6339 АРИЗА БА ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР

Октябрь 22, 2010 09:57

           Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат  тавассути  меҳнати босамар нисбат ба соли 2009 натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда шуд.             Дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ   се иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир шудааст, ки дар он масъалаҳои муҳим оид ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми шаҳру ноҳияи Ваҳдат ҳаллу фасл гардиданд. Дар  ин муддат сатҳи корҳои ташкилӣ дар ҷамоатҳои деҳот рӯ ба беҳбудӣ оварда, зиндагии мардум аз ҷиҳати моддӣ  беҳтар гардид. Дар баробари ҳамаи ин,  арзу шикоятҳо дар давоми 9 моҳ низ кам набуд. Ба шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳр  аз ҷониби сокинони ноҳия 6339 ариза дохил гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 1485 адад зиёд аст. Аз ҳисоби аризаҳои ба дастгоҳи раиси шаҳр воридшуда 2515 – тои он аризаҳои дархостӣ, 54 аризаи  шикоятӣ, 2279 ариза оид ба манзил, 672 ариза оид ба ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва оид ба вобаста намудани заминҳои иншоот 819 ариза дохил гардидааст, ки аксари зиёдашон бо роҳи мусбӣ ҳаллу фасл шуданд,- иброз дошт муовини аввали раиси шаҳр Қиёмиддин Абдуллоев зимни баргузории конфронси матбуотӣ  ба хабарнигорон.  

Октябрь 22, 2010 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад