ЗИЁИЁН ВА РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК БА МАСКАВ МЕРАВАНД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). 14 -15 октябри соли равон дар шаҳри Маскав Форуми зиёиёни олим ва эҷодкори давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Бо назардошти аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Соли илм ва маорифи техникӣ» эълон гардидани соли 2010 мавзӯи асосии Форум «Ҳамкории инноватсионӣ ва боҳамоии потенсиалҳои гуманитарӣ-асоси рушди босуръати кишварҳои Иттиҳод мебошад». Дар Форум, инчунин, ифтитоҳи Пресс-клуби рӯзноманигорони давлатҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон ба нақша гирифта шудааст. Дар чаҳорчӯби Форум маросими супоридани ҷоизаи байналмиллалии Иттиҳоди давлатҳои узви ИДМ, баргузории намоишу дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст. Дар Форуми мазкур гурӯҳи калони зиёиён ва рӯзноманигорони тоҷик низ ширкат менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






