ЗУҲУРОВ БА САНКТ — ПЕТЕРБУРГ РАФТ

Октябрь 25, 2010 14:17

       Душанбе, 25  октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати  иштирок дар силсилаи чорабиниҳои байнипарлумонӣ ба шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия сафар намуд.            Аз маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии ЕврАзЭС,  Созмони Аҳдномаи  амнияти дастҷамъӣ ва Конфронси байнипарлумонӣ бахшида ба солгарди раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуда, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаю рӯйдодҳои байнипарлумонӣ ва вазъи минтақа суханронӣ хоҳад кард.  

Октябрь 25, 2010 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд