ҲАМКОРӢ – ГАРАВИ ПЕШРАВӢ
Суғд, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳии комиҷроияи вилоятии ҲХДТ доир шуд. Дар семинар зикр гардид, ки комиҷроияи ҳизбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз оғози таъсисёбии ҲХДТ дар миқёси вилояти Суғд яке аз беҳтаринҳо дониста мешавад. Аз ҷумла, дар самти мустаҳкам намудани базаи моддӣ- техникии комиҷроия низ корҳои муайян ба анҷом расида, бинои он аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Утоқҳои корӣ дар баробари хушсифат таъмир шудан бо шиору овезаҳо, адабиёту дастурҳои методӣ, мизу курсӣ, ҷевону палос ва дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шуда, беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардид. Бо боварӣ гуфтан метавон, ки чунин шароит ҳоло дар ягон комиҷроияи дигари ҳизбии миқёси вилоят ба назар намерасад. Аз ҷумла, аз нав бақайдгирии ҳамаи 5,5 ҳазор ҳизбиёни ноҳия бо варақаҳои аз комиҷрояи вилоятӣ дастрасгардида аллакай ба анҷом расида, онҳо дар шкафи оҳанин нигоҳдорӣ мешаванд. Наздик ба 40 адад бастаи ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ низ мувофиқи талабот таҳия шудаанд. Дар семинар раиси комиҷрояи ҳизбии ноҳияи Айнӣ оид ба сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳайати гурӯҳи кории ҲХДТ гузориш дод. Вай бештар аз ҳаёт ва фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ, вазъи сиёсии кишвар, ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ, нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ва ғайра сухан ронда, дар фаъолияти ҲХДТ истифода бурдани таҷрибаи пешқадами аҳзоби сиёсии кишварро ба мақсад мувофиқ донист. Ҳамин тавр семинари дастурдиҳӣ дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ доир шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






