ҲОЛАТИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и ҷумҳурӣ аз 2 ҳазору 794 адад тракторҳои шудгоркунанда 1810 адади онҳо омодаи коранд. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 58 фоиз, ноҳияҳои Роғун 29 фоиз, Шаҳринав 39, Файзобод — 41, Ваҳдат — 42, Турсунзода – 49 ва Тоҷикобрд 50 фоизро ташкил медиҳад. Аз 3512 испорҳои мавҷудаи тракторӣ ҳамагӣ 73 фоизи онҳо коршояманд. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои деҳқонию фермерии вилояти Хатлон ба 70 фоиз, ноҳияҳои Файзобод – 53, Шаҳринав – 65 ва Турсунзода ба 72 фоиз баробар аст. Омодагӣ ва таъмири тракторҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ аз рӯи тракторҳои гуногунтамға 4 фоиз, тракторҳои шудгоркунанда – 8, ядакҳои тракторӣ — 5, испорҳои тракторӣ- 4 ва мошинҳои заминнармкунӣ (култиваторҳо) 17 фоиз зиёд аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






