ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МУВАҚҚАТИИ ЭКОЛОГИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз ҷаласаи панҷуми комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи муҳими экологӣ ва васоити ахбори омма мавриди баррасии аъзои комиссияи экологӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи мазкур коршиноси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, мудири кафедраи донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ансор Ниёзов баромад намуда, оид ба инъикоси вазъи экологӣ дар васоити ахбори омма маълумоти мукаммал дод. Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои комиссияи экологӣ Саиди Ёқубзод, Ҷумъабой Сангинов, Шоди Шабдолов баромад намуда, оид ба сабабҳои асосии заифӣ дар истодагарии иттилоотии васоити ахбори омма ва масоили экологӣ, сиёсати обӣ ва гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва таҳқиқи фазои иттилоотӣ дар атрофии масоили экологӣ, кор бо васоити ахбори хусусӣ, вазъи баъзе аз веб-захираҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатии кишвар, ибрози назар намуданд. Дар ҷаласаи комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи маскур қарори дахлдор қабул карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






