15 ҚАРОРИ ҚАБЛИИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БЕКОР ШУД

Ноябрь 10, 2010 09:59

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба  иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим, дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади бекор кардани қарорҳои қаблии раиси ноҳия 19 адад эътирози Прокуратураи генералӣ ворид шудааст, ки дар асоси он 15 – адад қарорҳои қаблии раиси ноҳия бекор шуда, ду эътироз нисбат ба ҷудо кардани қитъаи замин  бо сабабҳои мавҷуд будани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    ва  ду эътирози дигар бинобар сохтакории компютерӣ будани қарорҳои дар асл вуҷуднадошта беқаноат мононда шуданд.    Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, натиҷаи санҷиши истифодабарии заминҳо  дар ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ шуда, диққати шахсони масъул ва сохторҳои марбута ба риояи қонунгузориҳои мавҷуда ва истифодаи  мақсадноку оқилонаи замин ҷалб   шудааст.

Ноябрь 10, 2010 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад