21,6 ФОИЗ ЗИЁД ШУДАНИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Ноябрь 19, 2010 09:28

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино ба маълумоти  Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ  ба маблағи 6 млрд. 235 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол  шудааст.    Рӯйхати ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  110,9 фоиз зиёд аст.    Ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба 4 млрд. 257 млн. сомонӣ ё 95,7 фоизи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил медиҳад.    Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ  ба маблағи 1 млрд. 739 млн.  сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 21,6 фоиз зиёд аст.    Корхонаҳои коркарди пахта бошанд,  маҳсулоти истеҳсолкардаи худро  ба 486 млн.  сомонӣ расониданд, ки нисбат ба соли 2009 15,2 фоиз бештар мебошад.  Ин мазмуни онро дорад, ки таъсири бӯҳрони молиявӣ дар кишвар торафт  коҳиш меёбад.          

Ноябрь 19, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад