40 МУАССИСА КОРГАР МЕҶӮЯД
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ба таваҷӯҳи шаҳрвандони корҷӯй мерасонад, ки Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 3-юми декабри соли ҷорӣ соати 8.00 ярмаркаи ҷойҳои кории холиро баргузор менамояд, чунин итиоллоъ доданд аз шўъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ярмарка зиёда аз 40-корхонаву ташкилот иштирок намуда, 360 ҷойҳои кории холиро пешниҳод менамоянд, ки музди маоши онҳо аз 150 то 400 сомонӣ мебошад. Ба нафароне, ки ягон тахассус надоранд ва хоҳиши омўхтани касбу ҳунар доранд, барои иштирок дар курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ роҳхат дода мешавад. Ташкилоту корхонаҳое, ки бо Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои хориҷӣ шартномаи корӣ доранд, низ метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






