АҲМАДИНАЖОД БА САТҲИ ҲАМКОРИҲО БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Ноябрь 30, 2010 14:34

          Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  дар доираи сафари  расмиаш ба Эрон бо Презденти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод мулоқот кард.       Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки бо ҷаҳду талоши роҳбарони олии ҳар ду кишвар равобити самарабахши Тоҷикистону Эрон  тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат намуд. Алҳол,  ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи баланд қарор дошта, самти стратегии ҳамкориҳои ду кишварро бахши энергетика ва тиҷорат ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ин бахш иқтидори бузург дорад, вале дар мавриди бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ ба мушкилот мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ ҳарчӣ зудтар ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии  «Сангтуда-2» барои Тоҷикистон ниҳоят зарур аст, афзуд Ш.Зуҳуров.      Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, сохтмони нерӯгоҳҳои «Шӯроб» ва «Айнӣ»-ро дар  дарёҳои Вахш ва Зарафшон, сохтмони роҳи оҳан байни кишварҳои минтақа,  кашидани хати баландшиддати интиқоли нерӯи  барқи 500 КВ Сангтӯда –Машҳад, таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла  таъсиси заводи семент дар Шаҳритӯсро матраҳ карданд.    Ҳамзамон, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эронро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ,  хусусан, Созмони Конфронси Исломӣ, ва дурнамои муносибатҳои ҳар ду кишварро баррасӣ карда,  ба сатҳи ҳамкориҳо баҳои баланд доданд.     Зикр шуд, ки тавсеаи равобити иқтисодӣ метавонад, барои баланд гардидании нуфузи ҳарду кишвар дар минтақа мусоидат намояд. Вобаста ба ин ба тасвиб расидани Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистону Эрон ин тамоюлро тақвият хоҳад дод.    Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зикр кард, ки Тоҷикистон аз марҳилаи душвориҳои гузариш ба сохти нав ва рушду бунёдкорӣ ворид гардида, ҳамрадифи кишварҳои комилҳуқуқи сайёра гардидааст. Мавсуф гуфт, ки дар Эрон ва дар Тоҷикистон барои тавсия ва густариш  робитаҳои судманд шароиту имкониятҳои  мусоид муҳайё аст. Итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳои ҳар ду кишвар бо истифода аз чунин шароити мусоид муносибатҳо бештар густариш меёбанд, афзуд Президенти Эрон.

Ноябрь 30, 2010 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад