АҲМАДИНАЖОД БА САТҲИ ҲАМКОРИҲО БАҲОИ БАЛАНД ДОД
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари расмиаш ба Эрон бо Презденти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод мулоқот кард. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки бо ҷаҳду талоши роҳбарони олии ҳар ду кишвар равобити самарабахши Тоҷикистону Эрон тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат намуд. Алҳол, ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи баланд қарор дошта, самти стратегии ҳамкориҳои ду кишварро бахши энергетика ва тиҷорат ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ин бахш иқтидори бузург дорад, вале дар мавриди бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ ба мушкилот мувоҷеҳ аст. Аз ин рӯ ҳарчӣ зудтар ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-2» барои Тоҷикистон ниҳоят зарур аст, афзуд Ш.Зуҳуров. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бахши энергетика, сохтмони нерӯгоҳҳои «Шӯроб» ва «Айнӣ»-ро дар дарёҳои Вахш ва Зарафшон, сохтмони роҳи оҳан байни кишварҳои минтақа, кашидани хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 КВ Сангтӯда –Машҳад, таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла таъсиси заводи семент дар Шаҳритӯсро матраҳ карданд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эронро дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан, Созмони Конфронси Исломӣ, ва дурнамои муносибатҳои ҳар ду кишварро баррасӣ карда, ба сатҳи ҳамкориҳо баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки тавсеаи равобити иқтисодӣ метавонад, барои баланд гардидании нуфузи ҳарду кишвар дар минтақа мусоидат намояд. Вобаста ба ин ба тасвиб расидани Барномаи ҳамкории дарозмуддати иқтисодии Тоҷикистону Эрон ин тамоюлро тақвият хоҳад дод. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зикр кард, ки Тоҷикистон аз марҳилаи душвориҳои гузариш ба сохти нав ва рушду бунёдкорӣ ворид гардида, ҳамрадифи кишварҳои комилҳуқуқи сайёра гардидааст. Мавсуф гуфт, ки дар Эрон ва дар Тоҷикистон барои тавсия ва густариш робитаҳои судманд шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё аст. Итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳои ҳар ду кишвар бо истифода аз чунин шароити мусоид муносибатҳо бештар густариш меёбанд, афзуд Президенти Эрон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






