АЛОҚАИ МОБИЛИИ РОУМИНГӢ ДАР ИДМ АРЗОН МЕШАВАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ситоди 15 – уми тафтишоти муштараки қонунвайронкуниҳои зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи ХХХП – уми Шӯрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба паст намудани тарифҳои химатрасонии алоқаи мобилии роумингии пайвастшавӣ бо операторони давлатҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди мазкур аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба операторони алоқаҳои мобилии, ки дар ин бозори моли муайян хизматрасонӣ мавқеъи ҳукмфармоиро ишғол менамоянд дастур дода шуд, ки маълумотҳои заруриро оид ба омӯзиши тарифҳои алоқаи мобилии хизматрасонии роумингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 – уми ноябри соли 2010 пешниҳод намоянд. Баъди таҳлилу омӯзишҳо Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасмин гирифтааст, ки меъёрҳои тарифҳои хизматрасониҳои роумингӣ дар асоси талаботҳои қонунгузории зиддиинҳисорӣ паст мефарорад. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






