АНДЕШАҲОИ БЕБУНЁД

Ноябрь 17, 2010 16:23

      Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат дар шумораҳои 35-39 – и нашрияи мустақили ҷамъятӣ – сиёсии Тоҷикистон «Миллат» роҷеъ ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат бо унвони «Ҷанги Тоҷикистон бесилоҳ идома дорад» мусоҳибаи худро бо рӯзноманигорон Адолати Мирзо ва Ёқуби Саид интишор дод, ки хонандаи ватанхоҳу одилро бетараф гузошта наметавонад. Андешаҳои ӯ хеле фарогир аст. Шоир аз таърихи қадими тоҷикон то ба имрӯз, аз сиёсати дохилии Тоҷикистон то ба сиёсати ҷаҳонӣ, аз вазъи  дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик то   масоили равобити адабӣ ва дигар соҳаҳои фарҳанги халқ сӯҳбати доманадор кардааст. Ба хотири адолат бояд гуфт, ки Мӯъмин Қаноат дар бораи нерӯи забони тоҷикӣ ва нақши он дар бақои миллат, баъзе ноқисиҳои адабиёти муосири тоҷик, кам шудани нашри теъдоди китобҳои бадеӣ ва илмӣ, майли китобхонӣ надоштани оммаи васеи мардум, маҳалгароӣ ва зарарҳои он бо эҳсоси баланд ибрози назар менамояд. Дарзамон андешаҳое ба миён меорад, ки хонанда аз онҳо ба шигифт наомада наметавонад. Ин қабл аз ҳама дастовардҳои даврони истиқлолияти миллии Тоҷикистонро нодида гирифтан ва ба комёбиҳои сиёсати дохилию хориҷии давлат хати батлон кашидани ӯст. Мӯъмин Қаноат ба низоми давлатдории тоҷикон шак меорад ва ҳастии сохтори онро эътироф карда наметавонад. Дар хусуси ҳукумати Тоҷикистон бо тамасхур, нописандӣ ва танз ҳарф мезанад. Онро «ҳукумати кӯҳистон» меномад. Дар сурате, ки вай давлат ва ҳукумати зиёда аз ҳафт миллион сокинони Тоҷикистон буда, онро бештар аз 140 давлати хурду бузурги ҷаҳон ба расмият шинохтаанд.Ӯ давлатеро, ки тибқи Конститутсия (Сарқонун)–и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон шудааст, гӯё ба таври «образнок» ба пайкараи нотамом шабеҳ месозад ва бо пайкараи Тоҷикистони шӯравӣ қиёс карда масхараомез мегӯяд:      «Валекин вақте ки мо истиқлолият пайдо кардем, он чизе ки шӯравӣ сохта буд, мо он пайкараро шикастем. Навашро насохтем… Ҳозир як дасти он сохтагӣ, забони дароз сохтагӣ, гап мезанад ва аммо хирадашро насохтем, мағзаш нест. Сиёсати давлатиамон ҳам барои ҳамин бисёр ба нокомӣ мувоҷеҳ мешавад».      Кас ин суханҳои  бебунёдро шунида ба ҳайрат меояд. Оё чун Мӯъмин Қаноат касе, ки дар солҳои мураккабтарини Тоҷикистони навин ҷилои Ватан карда, гоҳ дар Бишкеку гоҳ дар Теҳрон ба сар мебурд, бо кишвари худ ҳеҷ гуна робита надошт, ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки ҳастии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инкор бикунад?        Мӯъмин Қаноатро дар Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолияти миллӣ ва давраи даргириҳое, ки рух доданд, ҳеҷ чиз таҳдид намекард. Он солҳо зарур буд, ки шоири миллат дар байни халқи худ қарор гирифта, мардумро ба оромӣ ва якдигарфаҳмӣ даъват бикунад, тарафҳои ҷангхоҳро ба сулҳу салоҳ бихонад, шеърҳои ватанхоҳона ва башардӯстона  нависад. Аммо ӯ дар ҷустуҷӯи маскани осудаю ором тарки Ватан кард.        Вақте ки ҳайъати вакилони Тоҷикистон ба солгарди даргузашти ориф ва шоири фақид Имом Ҳумайнӣ ба Теҳрон, ба зиёрати оромгоҳи он бузургвор ба Биҳишти Заҳро рафта будем, Мӯъмин Қаноатро дар байни меҳмонони қирғиз, дар бар пероҳан ва дар сар кулоҳи қирғизӣ дида ҳайрон шудем.          Вақте ки ба кӯча баромадем, ман бо эшон ҳолпурсӣ кардам ва гуфтам, ки ҷанги байни тоҷикон тамом шудааст, акнун ба Тоҷикистон баргардед,   ҳеҷ гуна хатар шуморо таҳдид намекунад.      Устод, чунон ки хислаташон аст, сукут варзиданд.           Ана имрӯз бошад, мисли як нафар «инқилобчӣ» тамоми бурдҳои Тоҷикистонро рад мекунад ва аз бохташ ҳарф мезанад, ки мо инро натавонистем, онро натавонистем. Шиор мезанад, ки давлатро бояд хирадмандон  бисозанд, дарзамон ҳасрат мехӯрад, ки қариб онҳо адо шудаанд.        Шоири халқии  мо арбобони давлатию ҷамъиятӣ, олимон, донишмандон, ҳайъати бисёршумори профессорону устодон, шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, аҳли ҳунар ва амсоли инҳоро ба зумраи хирадмандон шомил намекунад.       Модоме ки дар Тоҷикистон «хирадманд… қариб адо шудааст», Тоҷикистони навинро чӣ тавр, бо кадом нерӯ ба пояҳои баланди тараққиёт мебардорем?      Дар дохили кишвар ба чашми Мӯъмин Қаноат ин гуна нерӯи созандаю бунёдкор наменамояд. «Агар ҷавонон насозанд, ҷавонҳое, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, — қотеъона мегӯяд ӯ. – Ана ҳамонҳо донишманд ҳастанд, лекин онҳо метарсанд, ки биёянд ин ҷо. Дар ин ҷо кор намедиҳанд ба онҳо, иҷозат намедиҳанд… Ҳеҷ дарвоза кушода нест».      Магар Мӯъмин Қаноат огоҳ нест, ки ҷавононро барои таҳсили илм ба мамолики хориҷӣ худи давлати Тоҷикистон фиристодааст. Ноумед шудан даркор нест, онҳо таҳсилро хатм карда ба Ватани азизи худ бармегарданд, дар бари роҳбарон ва коршиносони соҳибтаҷриба қарор гирифта дар пешбурд ва навсозии кишвар саҳм мегиранд.  Ҳамдастӣ ва меросбарии наслҳо дар тамоми ҷабҳаҳо суннати деринаи халқи мост, ки устод Қаноат худ инро нағз медонад.     Аммо маро як андешаи дигари ӯ ба фикр водор кард. «Мана ҳамин хел ирониҳову афғонҳову тоҷикҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, аз онҳо истифода кардан даркор, — маслиҳат медиҳад Мӯъмин Қаноат. – Ин корҳоро он қадар ошкоро кардан даркор нест. Дар доираи ҳамон анҷумани «Пайванд» мешавад ҳамин корро анҷом дод».       Аҷабо?! Агар мо дар роҳи рушди давлатдорӣ ва тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аз дониш ва қобилияти ирониҳову афғонҳо  ва бахусус тоҷикҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, истифода мекарда бошем, пас чаро Мӯъмин Қаноат салоҳ медонад, ки «ин корҳоро он қадар ошкоро кардан даркор нест». Оё ҳамкорӣ фаъолияти махфӣ аст? Ё ки мо онҳоро ба хидмати ҷосусӣ ҷалб месозем? Ҳамкорию ҳамдастӣ дар асоси қарордоди расмӣ ва ошкоро сурат мегирад. Худи Мӯъмин Қаноат дар ҳамин мусоҳиба гуфтааст, ки «анҷумани «Пайванд»-ро як ҷараёни сиёсӣ карданд. Он як равиши сиёсӣ аст, дигар чизе нест. Ҷавҳари он фарҳангӣ, адабӣ, ин чизҳои дигараш куҷо аст? Инҳо ки набошанд, он ҳеҷ аҳмият надорад… Бо ҳамон дастгоҳи мавҷуда аз байн бурдан даркор онро».      Модоме ки таманнои Мӯъмин Қаноат аз анҷумани «Пайванд» танҳо фаъолияти фарҳангӣ ва адабӣ бошад, чаро ӯ алайҳи фикри худ иддао дорад, ки ба корҳои давлатӣ ҷалб кардани ирониҳову афғонҳову тоҷикҳоеро, ки дар хориҷ ҳастанд, дар доираи анҷумани «Пайванд» мешавад ҳамин корро анҷом дод.        Шояд «Каҷ дору марезаш» ҳамин аст?      Масъалаи дигаре, ки Мӯъмин Қаноат мавриди баррасӣ қарор додааст, масъалаи маҳалгароист, ки ба ифрот расонидааст. Ҳар як шаҳрванди бошуур ва оқил аз падидаҳои маҳалгароӣ дар байни ҷомиа ба изтироб меояд ва азоби виҷдон мекашад, ки дар байни баъзе доираҳои маҳалгаро зиндагӣ дорад, аммо  ин маразро аз байн бурда наметавонад. Аммо Мӯъмин Қаноат «тоҷикҳо ҳама маҳалгаро» мегӯяд, ки ин дар ҳаққи миллат тӯҳмати маҳз аст. «Дар худи дохили Тоҷикистон тоҷикҳо ваҳдати дохилии худашонро надоранд, ҳама маҳалгароянд». Тамоми халқи худро бо як маротиба маҳалгаро номидан орзуяш намешиканад, бинобар ин такроран таъкид мекунад: «Ҳама маҳалгароянд, ки ба ҳамдигар эҳтиром намегузоранд, ҳамдигарро писанд намекунанд». Вай боз амиқтар меравад ва ба ҷои он ки сабабҳои пайдоиши маҳалгароӣ ва роҳҳои решакан кардани ин бемории иҷтимоиро аз назари таҳқиқ бигузаронад, муносибати халқ ва ҳукуматро халалдор карданӣ шуда чунин мегӯяд: «Ҳоло аксари афрод аз маҳалҳое ҳастанд, ки ҳамин ҳукуматро мегӯянд, ҳукумати тоҷикӣ – кӯҳистонӣ аст, писанд намекунанд ин ҳукуматро. Ва сар намефуроранд ба фармони инҳо. Ба он хотир, мегӯянд инҳо кӯҳистониянд, қишлоқию деҳотию бефарҳангу ба ин монанд».       Ба Мӯъмин Қаноат кӣ ҳуқуқ додааст ё худаш шарм намедорад, ки аз номи «аксари афрод аз маҳалҳо» нисбат ба ҳукумати феълӣ ва қонунии Тоҷикистон чунин носазо бигӯяд ва нисбат ба роҳбарияти кишвар беэҳтиромӣ зоҳир намояд. Шояд гурӯҳҳои маҳалгаро вуҷуд дошта бошанд, шояд дар баъзе идораҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, аз он ҷумла дар Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи Рӯдакӣ, ташкилоте, ки худи Мӯъмин Қаноат яке аз роҳбарони вай аст, маҳалгароӣ ба назар бирасад, вале тамоми роҳбарон ва ҳамаи халқро ба маҳалгароӣ айбдор кардан аз рӯи инсоф ва виҷдон нест. Бахусус дар байни халқ ва ҳукумат кӯшиши ҷудоиандозӣ кардан худ зуҳуроти маҳалгароӣ ва кӯтоҳандешӣ ба шумор меравад.     Бузургтарин падидаи ваҳдати миллӣ истиқрори сулҳ ва ҳамраъйӣ дар Тоҷикистон аст, ки давлат ва ҷамъият баъд аз он рӯ ба ободӣ ва созандагии Ватан оварданд.      Сохтмонҳои азими мамлакат – Шоҳроҳи ваҳдат, ки тамоми қитъаҳои Тоҷикистонро ба ҳамдигар барбастааст, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда—1» ва «Сангтӯда—2», «Роғун» ва дигарҳо, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Шаршар», сохтан ва ба истифода додани даҳҳо манзилҳои нав, ки ба одамони дар натиҷаи офатҳои табиат бехонамонда бо тамоми таҷҳизоти рӯзгор пешкаш гардидаанд, бисёр мисолҳои дигар далели зуҳуроти ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷомеа ва ҳукумат мебошад. Касе, ки соли равон дар Кӯҳистони Бадахшон дар таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ширкат варзида бошад, тантанаи ягонагии халқи тоҷик ва муттаҳидии ӯро бо ҳукумати худ медид ва шубҳае дар дилаш боқӣ намемонд, ки мо ҳақиқатан ба ваҳдати воқеӣ муваффақ шудаем. Ба шарофати кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамдастию ҳамдилии халқҳои мамлакат симои Бадахшон ва олами маънавии сокинони он чун вилояти мухтор ба куллӣ тағйир ёфтаанд, ободу осудаву зебо гардидаанд.       Ва ниҳоят, агар аз кӯдаки даҳсола то пири садсола  ҳама мубталои дарди маҳалгароӣ мебудем, дар соли 2002 дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд 70 – солагии зодрӯзи Мӯъмин Қаноат бо иштироки худи ӯ бо шаъну шукӯҳи хоса таҷлил намешуд.      Ёд дорам, ки он вақт шоири мо иқрор карда буд: дар зодгоҳам 70 – солагии маро ҳаргиз дар чунин сатҳи баланд баргузор карда наметавонанд.      Хулоса ақидаҳои Мӯъмин Қаноат роҷеъ ба набудани ваҳдати ҳақиқӣ, нописанд кардани ҳукумати ҳозира ва ба иҷро нарасонидани амру фармонҳои ӯ бебунёд аст.      Мӯъмин Қаноат дар мусоҳибаи худ оид ба масъалаҳои адабиёт низ андешаҳои аҷоиб иброз доштааст. Чунончи, дар бораи тарғиби «Шоҳнома»— и безаволи Фирдавсӣ гуфтааст:      «Падидаи бастани роҳи тарғиби «Шоҳнома» аввалҳои асри XIX ва ҳатто охири асри XVIII ба миён омад. «Шоҳнома»-хонӣ мамнӯъ мешуд, ҳатто дар Қафқоз қарор баромад, ки «Рустамгароӣ» — ро бас кардан даркор. Яъне, идеяи ватанхоҳии «Шоҳнома»-ро расман қатъ карданд. Ҳатто тариқи қарори ҳукумат. Як дафъа як гурӯҳе аз Русия ҳам ин идеяро пуштибонӣ мекарданд…».       Ҳар як фикру андеша бояд асос дошта бошад. Хусусан ки сухан дар бораи муносибати ҳукумат ва халқҳои Қафқоз – арманиҳо, гурҷиҳо, озарбойҷониҳо ва Русия нисбат ба мероси гаронбаҳои форс – тоҷик «Шоҳнома» аз номи ягон шахси бесавод не, балки аз номи Шоири халқии Тоҷикистон, собиқ муншии аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меравад, аз андешаҳои ҳавоӣ худдорӣ кардан салоҳ аст. Охири асри  XVIII  ва аввалҳои асри XIX давраи густариш, тарҷума ва шӯҳрати «Шоҳнома» дар тамоми олами мутамаддин маҳсуб мешаванд. Дар тадқиқоти арзишманди адабиётшиноси тоҷик Валӣ Самад «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ ва Чернышевский»(Душанбе, «Адиб»,2004) ва Абдувалӣ Давронов «Равобити адабии халқҳои тоҷику арман» (Душанбе «Адиб»,2008) меҳру муҳаббати нависандагон, олимон ва ходимони давлатии халқҳои рус ва Қафқоз нисбат ба «Шоҳнома» бо далелу бурҳони қотеъ ба тадқиқ расидаанд. Дар ин ду тадқиқоти муфид   нақши «Шоҳнома» дар ташаккули афкори эстетикии халқи рус ва тараққиёти адабиёти класикии арман мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.       Дар бораи манъ кардани тарғиби «Шоҳнома» на дар Руссия ва на дар ҷумҳурии Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ягон хел қарор дар сатҳи ҳукумати мамлакатҳои мазкур ба тасвиб нарасидааст. Баръакс онҳо мусоидат кардаанд, ки «Шоҳнома» ва идеяҳои ватанхоҳии он васеътар тарғиб гардад. Дар соли 1921 шоири арманӣ Озод Вштунӣ бо супориши Ҳукумати шӯравӣ бо масъалаи репатриация – ба ватан баргардонидани арманиҳо, ба Эрон сафар карда буд. Пас аз бозгашт дар пайравии «Шоҳнома» силсилаи ашъори «Эроннома» — ро таълиф кард ва интишор дод. Драматурги арман Мкртич Ҷонон соли 1935 намоишномаи «Шоҳнома»— ро ба саҳнаи театри драмавии ба номи Сундуқиён гузошт, ки ҷоизаи умумииттифоқиро ноил гардид.      М.Ҷонон дар таълифи асари мазкур аз навиштаҳои М. Охундов, А.Давриҷетсӣ, А.Ҷугаетсӣ барин донишмандон ва мутафаккирон, ки халқу Ватанашонро мисли Фирдавсӣ ва қаҳрамонони «Шоҳнома» мепарастиданд, бархурдор шудааст.      Дар Озарбойҷон солҳои 30 –и қарни XX шоир ва мутарҷим Микоил Мушфиқ достонҳоро аз «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ ва рубоиёти Хайёмро моҳирона тарҷума карда ба нашр расонида буд. Драматург Ҳусайни Ҷовид «Хайём»(1935) ном намоишнома эҷод кард, ки дар конкурси драманависон пирӯзӣ ба даст овард. Чунон ки дар «Очерки таърихии адабиёти шӯравии Озарбойҷон»(М.,1963) таъкид шудааст, дар охири солҳои 20-ум ва солҳои 30-юм дар Озарбойҷон оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсӣ ва Шайх Саъдӣ тадқиқоти пурмӯҳтаво интишор ёфтаанд (саҳ.291). Шоири забардасти Озарбойҷон Абдулло Шоиқ, ки забони форсиро хеле хуб балад буд, бисёр асарҳои Низомӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҷаллодини Румиро ба забони озарӣ тарҷума ва нашр кардааст. Дар тадқиқоти профессори озарбойҷонӣ Паноҳ Халилов «Адабиёти халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» дар ду муҷаллад (Боку,солҳои 1955,1957) боби калоне ба адабиёти форс – тоҷик аз асри  IX бо фарогии  давраи шӯравӣ бахшида шудааст, ки ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсиро низ бо муҳаббат баррасӣ менамояд. Бо ин далелҳо ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳатто дар аҳди Комрон Боғиров, котиби якуми КМҲК Озарбойҷон дар бораи тарғиб накардани «Шоҳнома» қарор қабул нашудааст.      Дар бораи муносибати шоирон ва донишмандони рус ба «Шоҳнома» ҳоҷати гап нест, зеро онҳо ин асари оламшумулро на танҳо тарҷумаю нашр карданд, балки аз Е.Э. Бертелс гирифта то И.С.Брагинский, М.Занд ва дигарон дар бораи он тадқиқоти шоиста  боқӣ гузоштанд. Боқӣ мемонад чунин суханони Мӯъмин Қаноат, ки мегӯяд: «Роҳи «Шоҳнома» —ро ҳеҷ кас баста натавонист, ҳарчанд ки кӯшиш карданд».       Кӣ кӯшиш кард, кай ва дар куҷо? Роҳбарон ва донишмандони Тоҷикистон ин хел ният надоштанд. Аз устод С.Айнӣ сар карда (Рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», 1934) то як гурӯҳ ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шоҳнома»-ро ду маротиба дар ҳаҷми 9 ва 10 муҷаллад ба нашр расониданд ва тадқиқоти муфид ба анҷом расониданд. Аз достони «Ҷанги одаму об»-и С.Айнӣ гирифта то «Илҳом аз «Шоҳнома» — и Лоиқ дар пайравии асари ҷовидонии Фирдавсӣ шеъру достонҳо офариданд. Дар асоси «Шоҳнома» як силсила асарҳои драмавӣ ва кинофилмҳо эҷод шуданд, ки ҳамагон медонанд ва ҳоҷати ёдоварӣ нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» — и ӯ дар таҷлили ҳазораи ин ёдгории беназири адабӣ маърӯзаҳои илмии пурмӯҳтаво карданд. Ҳамаи ин далели рӯшани сиёсати давлати мо нисбат ба мероси маънавии миллист. Ҳукумати шӯравӣ ва Эрон барои беҳтарин асарҳои илмӣ оид ба ховаршиносӣ ҷоизаи Фирдавсиро таъсис намуданд…      Ҳамаи ин далелҳо  исботи он аст, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ қувва барои бастани роҳи тарѓиби «Шоҳнома» дар мамлакати мо азм накардаанд.     Мӯъмин Қаноат, аксаран гирифтори хаёлҳои шоирона, фикру андешаҳои беасосро ба забон меорад, ақидаҳое баён мекунад, ки дар он давраи муайяни таърихӣ заминаи реалӣ – воқеӣ надоштанд. Сухан дар бораи таърихи таълифи шеъри ӯ «Ба ҳаводори шеъри тоҷикӣ» (1963) меравад. Он солҳо ӯ шоири ҷавон ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи сурх» (алъон «Садои Шарқ») буд. «Ин мавзӯи солҳои 60-ум аст, — мегӯяд  ӯ дар робита бо шеъри мазкур. – Он солҳо як идея пайдо шуд, ки умуман забони тоҷикӣ вуҷуд надорад». Дар идомаи сӯҳбат меафзояд: «Як конференцияи нависандагони Осиёву Африқо буд, соли 1963, ҳамон ҷо ҳамон гап баромад, ман навиштаму чоп кардам.. Барои он ман ҳамон ҷо навиштам ва ҳамон ҷо чоп кардам» (гӯё дар рӯзномаи «Ҳақиқати ӯзбекистон» — А.С.), ки мардум фаҳманд, ки фикри мо ана ҳамин хел аст».      Аввалан, бояд гуфт, ки Конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Тошканд на соли 1963, балки хеле барвақт – октябри соли 1958 баргузор гардид. Ҳайъати вакилони нависандагони Тоҷикистон иборат буд аз панҷ нафар: Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ. Дар конференсия Мӯъмин Қаноат даъват нашуда буд ва иштирок надошт. Бинобар ин дар конференсияи нависандагони Осиё ва Африқо пайдо шудани идеяи умуман вуҷуд надоштани забони тоҷикӣ тамоман нодуруст ва бофтаи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат аст. Рӯзномаи конференсияи мазкур, ки «Тараққиёти адабиёт ва фарҳанг дар мамолики гуногуни Осиё ва Африқо ва нақши онҳо дар мубориза барои пешрафти инсоният, истиқлолияти миллӣ, алайҳи колониализм, дар роҳи озодӣ ва сулҳ дар тамоми ҷаҳон» буд, инчунин «Фарҳанги халқҳои Осиё ва Африқо ва робитаи онҳоро бо тамаддуни ғарб» дар бар мегирифт, рӯҳи ин мавзӯъҳо имконият намедод, ки нохалафе ба инкори ҳастии забони тоҷикӣ – забони як миллати соҳибфарҳанг ва озод лаб кушояд. Бо ташкил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1929) даъвои пантуркистон низ оид ба нодаркории забони тоҷикӣ аз байн рафта буд. Дар конференсияи Тошканд аз номи вакилони Тоҷикистон Сотим Улуғзода сухан рондааст. Агар касе мавзӯи вуҷуд надоштани забони тоҷикиро ҳатто ишора менамуд, ҳам С. Улуғзода, ҳам дигар нависандагони тоҷик ба он бадхоҳи тоҷикон ҷавоби муносиб медоданд.      Шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ» танҳо муҳаббати шоирро ба забони модарӣ ифода менамояд, вай шеъри хуб аст, аммо асари барномавие нест, ки масъалаи ҳаётӣ ё нестии забони тоҷикиро фаро мегирифта бошад. Бинобар ин иқтибосе, ки аз Мӯъмин Қаноат дар сақф овардем, аз даъвои бузургманишӣ беш нест.      Мӯъмин Қаноат боз худро ба шӯравӣ муқобил мегузорад ва менависад: «Баъд ман достони «Тоҷикистон – исми ман»— ро навиштам, ки ман дар он Тоҷикистони шӯравӣ нагуфтам, Тоҷикистони худи ман гуфтам. Ва дар соли 1974 шӯхӣ набуд ин гапро гуфтан». Бале, вақте ки шоир ба достони худ чунин ном гузошт, пайванди субъекту объект, робитаи ногусастании шахси шоир ва сарзамини ӯ ба зуҳур меояд. Маълум аст, ки номи асар мӯъҷаз буда, тавсифро – шӯравиро намебардорад. Вале сар то пои достон аз ситоиши шӯравӣ, ғояҳои Ленин ва аскарҳои инқилобӣ иборат аст. Масалан: Чун камон хам гашт қадди ростон,                                     То фаромад муждае аз осмон: Аз баландиҳои афкори Ленин –                                       Аз замин. Дар фасли дигари достон бо вазни дигар менависад: Муроди халқ қонуни замин, об, ободӣ            Ба имзои Ленин омад ба мо аз роҳи озодӣ. Дар фасли навбатии «Тоҷикистон – исми ман» мехонем: Ба марзи калон, Арзу тӯли ҷаҳон,                            Ба асри Ленин – арсаи ҷовидон,                       Дар ин коргаҳ кор оғоз шуд,                                 Дами нав ба дамхона дамсоз шуд.     Мӯъмин Қаноат, ки дар шеъри худ «Нури Ленин» дар бораи вусъати нақшаҳои созандагии Ленин бо муҳаббат изҳори андеша карда, «Ҳамчу барқе паҳн гашту дар ҷаҳон афсона шуд», мегӯяд, табиист, ки дар достони худ ба ҳаёт гузаштани ғояҳои ӯро васф менамояд. Камина бо ин суханони худ ҳаргиз шоирро ба ленинпарастӣ муттаҳам карданӣ нестам. Зеро дар замони шӯравӣ шоиреро пайдо кардан душвор буд, ки лениннома надошта бошад. Муроди ман боздоштани Мӯъмин Қаноат аз мунофиқист, то ба сари сина зада нагӯяд, ки «ман Тоҷикистони шӯравӣ нагуфтам». Агар ӯ «Тоҷикистон – исми ман» гуфта бошад ҳам, ин унвонро шӯхӣ напиндошта бошад ҳам, касе эрод нагирифта буд. Бинобар он номи достонро чун рамзи ҷасорат ва қаҳрамонӣ шарҳ додан низ нишонаи бузургманишӣ аст.      Як мулоҳизаи субъективӣ ва хеле маҳдуди Мӯъмин Қаноат дар бораи тарҷумаи асарҳои суханварони тоҷик баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар Русия низ хонандаи огоҳро ба шигифт меорад. Моҳияти фалсафаи шоир ҳамин аст, ки «Ман ҳастам – дунё ҳаст, ман нестам – дунё нест».     Ӯ бо камоли мамнуният мегӯяд, ки дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон 200 ҷилд асарҳои шоирон, носирон ва донишмандони тоҷик интишор ёфтааст.     Ман ба ин миқдор чоп шудани китобҳои тоҷикӣ дар Эрон шубҳа дорам, лекин маълумоти сурурбахш аст. Яке аз он ҷилдҳо шеъру достонҳои худи М.Қаноат аст. Дар Русия баракс будааст. ӯ мегӯяд: «Дар Русия ҳам, ки баъд аз фурӯпошии шӯравӣ як шеъри адабиёти тоҷикро тарҷума накарданд… як шеъри маро ҳам чоп накарданд. Ман чӣ қадар достонҳо навиштам, вале ягонтоашро тарҷума ва чоп накарданд».     Агар ба фаъолияти эҷодии Мӯъмин Қаноат дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон бо дидаи ибрат бингарем, таназзули эҷодии ӯ ба назар мерасад. Соли оянда 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил мегардад, аммо дар ҳамин давра шоир ягон асари мондагор офарида натавонист. Шояд дигаргуниҳои куллии кишвар ӯро ба илҳом наоварданд ё шоир аз ӯҳдаи дарку ҳазми ин тағйироти бузурги мамлакат набаромад. Ба ҷуз ду – се  шеъри муқаррарӣ, ки яке аз онҳо ба профессор Раббонӣ, собиқ сарвари Афғонистон, як манзума дар бораи қумондони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дигар асари шоистае эҷод накард. Воқеан як асари достоннамои ӯ «Дод», ки хеле мавҳум аст, дар рӯзномаи «Чароғи рӯз» чоп шуда буд. Ман ҳам ҳамроҳи Мӯъмин Қаноат, ки дар Маскав аз ҷумлаи шоирон дӯстони зиёд дорад, фикр мекунам, ки чаро ин асарҳо ба забони русӣ тарҷума нашуданд? Шояд ба талаботи замони нав ҷавоб дода наметавонанд ё аз ҳайси бадеӣ ба пояи асарҳои пешинаи ӯ нестанд.  Аммо ба забони русӣ дар Маскав чоп шудани асарҳои рафиқони ҳамқалами худро нодида гирифтан хуб набудагист. Иттиҳоди байналмилалии Иттифоқҳои нависандагон(Междунардное сообщество писательких союзов – МСПС) як силсила маҷмӯаи шеъру достонҳои шоирон ва насрнависони тоҷикро дар ҳамин давра тарҷума ва нашр карда, дар роҳи равобити адабиётҳои миллӣ гоме пеш гузошт. «Маҷмӯаи шеърҳои шоирони ҷавони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», «Ҳикояҳо ва қиссаҳои нависандагони Тоҷикистон», «Ҳикояҳои насрнависони ҷавони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон», «Дуои борон», маҷмӯаи шеърҳои шоирони Тоҷикистон, ки ҳамаи инҳо ва боз китобҳои дигарро нашриёти «Стилистика» — и Маскав ба табъ расондааст, гувоҳӣ медиҳанд, ки андешаҳои М. Қаноат дар бораи ин, ки ягон шеъри тоҷикӣ тарҷума ва чоп нашуда бошад,ғалат аст. Дар мачмӯаҳои мазкур тарҷумаҳои тозаи шеърҳои Лоиқ, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур ва Озод Аминзода ҳастанд, ки онҳоро В.Солоухин, С.Золотеев, Н.Волобуева, В. Полещук, В.Зуев, А.Волос ба забони русӣ гардондаанд. «Ҳазор чашма»(1998) ном маҷмӯа ашъори Мӯҳтарам Ҳотам, Низом Қосим, Зиё Абдулло, Ш.Раҳимова, Нисоро дар бар гирифтаанд. Маҷмӯаи «Қадри ҳаёт» (1998) ҳикояҳои Бароти Абдураҳмон ва Баҳманёрро фаро гирифтааст. Дар силсилаи «Китобхонаи адабиёти муосири давлатҳои муштарак –ул манофеъ» асарҳои Ӯрун Кӯҳзод ва Саттор Турсун чоп шудаанд. Ин силсила аз 35 китоб иборат аст, ки дар онҳо асарҳои манзуму мансури дигар шоирон ва нависандагони тоҷик низ дохил шудаанд. Азбаски дар ин маҷмӯаҳо тарҷумаҳои тозаи шеъру достонҳои Мӯъмин Қаноат шомил нашудаанд, ӯ хаёл кардааст, ки як шеъри адабиёти тоҷикро тарҷума накардаанд.     Дар Маскав тарҷумаи русии достони Аскар Ҳаким «Санги ман алмос» бо иштироки шоирони рус муҳокима гардида, сипас бо сарсухани Расул Ғамзатов чоп шуд. Дар он ҷо асарҳои Шодон Ҳаниф «Ҷон ба гарав» ва «Уқоби захмин» аз муҳокима гузашта, сазовори ҷоизаи ба номи К.Симонов гардиданд. Тадқиқоти арзишманди Б.Ҳоҷибоева ва Матлубаи Мирзоюнус «Пушкин ва Шарқ» сазовори медали тиллоии А.С.Пушкин гардид. Соли гузашта маҷмӯаи шеърҳои шоирони хуҷандӣ Дилором дар озмуни «Истеъдодҳои ҷавон» ғалаба ба даст овард ва сазовори ҷоизаи якум шуд. Русҳои Маскав маҷмӯаи шеърҳои ӯро барои тарҷумаю нашр пазируфтанд. Ин гуна мисолҳо кам нестанд. Аммо онҳоро холисона дида тавонистан лозим меояд. Шоирон ва нависандагони тоҷик дар Русия тадриҷан мавқеи пештараи худро барқарор хоҳанд кард.     Дар мусоҳибаи Мӯъмин Қаноат масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик аз назму насри устод Айнӣ гирифта то ашъори Гулчеҳра Сулаймонова хеле нописандона мавриди назар қарор ёфтааст. Аз нигоҳи мағруронаи ӯ тамоми адабиёти муосири тоҷик, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда буд, «умуман ҷиддӣ нест». Шоире, ки худ дар мактаби адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик тарбият дида ба рушду камол расид, худ солҳои тӯлонӣ роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, худ дар хаёти адабии мамлакат фаъолона ширкат меварзид, дар давраи истиқлоли миллии кишвар асосан аз кори эҷодӣ бозмонд, аммо бо забони дароз бешармона рӯи он адабиёт хати батлон мекашад ва андешаҳои собиқаашро ба куллӣ тағйир дода, мегӯяд: «Умуман адабиётамон заиф аст. Нест ҳеҷ чиз.. Адабиёти мо умуман ҷиддӣ нест. Ҳамин адабиёти даврони шӯравӣ адабиёти ноқис аст».     Мӯъмин Қаноат дар бораи адабиёте ҳарфҳои носазо мезанад, ки поягузоронаш устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ буданд, симои дурахшони он Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар,Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев…  ба шумор меомаданд.    Онҳо ва дигар қаламкашҳо таърихи ғанӣ ва ҳаёти нави халқи тоҷикро моҳирона ба риштаи тадқиқи бадеӣ кашиданд. Агар ин адабиёт ҷиддӣ набуд, асарҳои шоистаи он ба даҳҳо забони хориҷӣ – арабӣ, инглисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, туркӣ, испанӣ ва дигарҳо тарҷума намешуданд, аз устод Саид Нафисӣ сар карда, то мусташриқони машҳури Чехословакия Ян Рипка ва Иржи Бечка – нависандагон ва донишмандони ҷаҳон ба он баҳои баланд намедоданд.      Магар Мӯъмин Қаноат намедонад, ки устод Айнӣ классики адабиёти Шарқ шинохта шудааст. Конференсияи дуюми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо (12 – 16 феврали соли 1962) дар Қоҳира дар Баёноти умумии худ ном ва хизматҳои С.Айниро дар як саф бо чаҳор тан бузургони адабиёти мамолики ҷаҳон гузошта, чунин изҳор дошт: «Мо дар инкишофи тафаккур ва бедории худ аз асарҳои бисёр адибони гумном, инчунин нависандагоне ба мисли Робиндронат Такур, Лу Син, Садриддин Айнӣ ва Тоҳо Ҳусайн миннатдору шукргузор ҳастем».    Ҳамаи суханварони тоҷик шогирдони устод Айнӣ мебошанд ва дар мактаби адабии ӯ сабзида ба рушду камол расидаанд, аз ӯ дахолати ҷиддиро ба ҳаёт омӯхтаанд.      Набояд фаромӯш бикунем, ки С.Айнӣ на танҳо асосгузори адабиёти муосири тоҷик, балки поягузори илмҳои ҷамъиятшиносӣ, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аввалин қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.      Дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон низ аҳли адаб  асарҳои пурмӯҳтаво офариданд. Дуруст аст, ки воқеияти замони мо ҳанӯз мавриди  таҳлилҳо ва ҷамъбастҳои ҳаматарафа қарор нагирифтаанд, аммо ин асарҳое, ки дар назму наср ва драматургия роҷеъ ба дирӯзу имрӯзи ҳаёти халқу мамлакат эҷод шудаанд, сазовори мазаммат не, балки лоиқи тақдир ҳастанд.      Офаридаҳои Лоиқ, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамид Самад, Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Кароматуллоҳи Мирзо, Камол Насрулло, Фарзона, Низом Қосим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҷонибек Акобир, Аҳмадҷони Раҳматзод, Доро Наҷот, Ширин Бунёд ва бисёр дигарон назму наср ва драматургияи тоҷикро ба пояи сифатан нав баланд бардоштанд, дар роҳи такомули худшиносии миллӣ, ваҳдату бародарӣ ва ғанӣ гардидани маънавияти халқ хизмат кардаанд ва ин вазифаи пуршарафро имрӯз ҳам сарбаландона ба ҷо меоранд. Қисми муҳими ҳамон 200 ҷилд китоби тоҷикие, ки дар Эрон интишор ёфтаанд, асарҳои ҳамин ва дигар адибони тоҷик маҳсуб мешаванд. Пас адабиётеро, ки ҷаҳониён шинохтаанд ва хешовандону ҳамзабонону ҳамфарҳангамон эътироф карда, нашр ва тарғиб мекунанд, аз ҷониби як нафар узви ҳамин адабиёт ноқис, заиф, ҳеҷ эълон кардан нарм бигӯем, ноинсофист!     Мӯъмин Қаноат ноинсофиро бахусус дар ҳаққи устод Айнӣ ба ифрот расонидааст. «Аз устод Айнӣ сар карда асарҳояшро ҳоло хонда намешавад, — носипосӣ пеш мегирад ӯ. – Ҳамин садсолагии устод буд ман кӯшиш кардам, ки ягон асари ӯро то охир бихонам, натавонистам».      Табиист, ки пазируфтан ё напазируфтани осори як нависанда аз ҷониби нависандаи дигар кори завқ ва ҷаҳонбинӣ аст. Лев Толстой ҳам Уилям Шекспирро қабул надошт. Вале онҳо нависандагони миллатҳо ва замонҳои мухталифанд. Мӯъмин Қаноат бошад, аз айёми наврасӣ бо осори Айнӣ ошност ва дар навиштаҳояш таъсири рӯшани устод мушоҳида мешавад. Вай ҳам дар тасвири воқеаҳои таърихӣ ва инқилобӣ аз мавқеи синфӣ наздик шудааст. Дар достони «Тоҷикистон – исми ман» аз «бахти бади авлодҳо» ва «аз қуллаи андӯҳ», ки гузаштагони мо гирифтор будаанд, ҳарф мезанад. Шоир лаб ба шиква мекушояд, ки «дасти ислому араб» оташи муқаддаси зардуштиро ба нор – оташе мубаддал сохт, ки сад шаҳрро сӯхта нобуд кард:                            Аз дасти ислому араб                                                               нури муқаддас нор шуд,                             Оташ баромад аз саро,                                                                    сад шаҳр оташзор шуд.      Оҳангҳои пуршӯру шарари инқилобӣ, озодихоҳӣ ва даъвати заҳматкашон ба иттиҳод, тарғиби ояи инқилоби ҷаҳонӣ, ки дар ашъори устод Айнӣ «Марши ҳуррият» ва «Ба шарафи Инқилоби Октябр» баланд садо медиҳанд, дар мазмун ва шакли достони номбурдаи М.Қаноат низ рӯшан ба мушоҳида мерасанд:                             Бори аввал омад аз гардун хитоб:                             «К – эй мусулмонони Шарқи пуразоб                              Аз паи таъмири дунёи хароб –                               Инқилоб!                                Баҳри наврӯзи навозод, иттиҳод!                                 Баҳри дунёи навобод, иттиҳод!                                 Баҳри ҳифзи тифли навзод, иттиҳод!                                 Иттиҳод!»      Мӯъмин Қаноат он солҳо дар бораи устод Айнӣ бо муҳаббат ва садоқат сухан меронд, ӯро дар байни меҳнаткашон дар олами инқилоб нураш мехонд, ки ҳамонҳангии афкор ва қалбҳои устоди бошарофат ва Мӯъмин Қаноатро нишон медиҳанд:                                Дар Бухоро ҳам азо ҳам сур буд,                                Нола буд, сури наю танбӯр буд.                                Айнӣ дар байни сафи муздур буд,                                 Нур буд!       Албатта, Айниро ба нур шабеҳ овардани Мӯъмин Қаноат бозёфти ӯ нест. Устод Мирзо Турсунзода дар достони «Чароғи абадӣ»(1957) ин образро моҳирона ба симои Айнӣ корбаст карда буд:                                Худи устод машъал шуд, алав шуд,                                Чароғи мардуми дунёи нав шуд.                                Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,                                Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.      Қаноат образи нурро аз достони Мирзо Турсунзода ба тариқи вом гирифта бошад ҳам, нисбат ба Айнӣ бо камоли самимият истифода кардааст.       Зиёда аз ин образи дохунда ва дохундаҳо, ки ҳамчун таҷассуми бадеии заҳматкашони кӯҳистони тоҷик дар нахустин романи С.Айнӣ ва баъд дар шеъри Ғаффор Мирзо «Давлати дохундаҳо» ба кор рафтаанд, чун анъана дар достони «Тоҷикистон – исми ман» низ дида мешавад:                                          Кӯчаҳои танг – дунёи кушод,                                          Парчами сурх аз дами боди мурод                                           Бар сари дохундаҳо пар мекушод –                                           Парчами дунёи дод.      Ҳарчанд Мӯъмин Қаноат устод Айниро инкор мекунад, ба истеъдод ва мактаби адабии ӯ қоил нест, бо носипосӣ ва худситоӣ мегӯяд, ки «Барои мо устодони мо ҳеҷ чиз тайёр накарданд», мисолҳои мо оварда далели омӯзиши ӯ на танҳо аз С.Айнист, балки аз М. Турсунзода, Ғаффор Мирзо ва дигар шоирони тоҷик ба шумор меравад.         Акнун меоем бар сари ин, ки ба қавли Мӯъмин Қаноат, «шеърҳои устод Айнӣ шеър нестанд».          Аслан андешаҳои нигилистона ва инкории Қаноат дар «Миллат» лоиқи мубодилаи афкор ва сазовори нақд нестанд, гӯё ӯ ҳушёрона сӯҳбат наоростааст, вале хонандаи ноогоҳро ба иштибоҳ андохта метавонанд. Аз ин рӯ баъзе чиз гуфтан лозим меояд, то ҳақиқат барқарор шавад ва чеҳраи Айнӣ мағшуш намонад. Шеъри Айнӣ сара ва маҳкамасос аст. Ҳам аз лиҳози маънию мӯҳтаво, ғоя ва дарунмоя, ҳам аз ҳайси шакли бадеӣ, ҳам аз ҷиҳати вазну қофия, забон ва тарзи баёни классикӣ сазовори омӯзиш буда ҳеҷ нуқсон надорад, шеъри асили тоҷикист.       Ба ашъори С.Айнӣ аз тазкиранависони ибтидои асри ХХ гирифта, то шоирон ва донишмандони ватанию хориҷӣ, ки забони форсии тоҷикиро балад ҳастанд, бахусус аҳли илму адаби Эрону Афѓонистон баҳои  сазовор додаанд. Гузашта аз ин бузургвороне, ки забонашон форсӣ нест, вале дар забони модарии худ устод буда, тафаккури рӯшан ва табъи баланд доранд, ҳамчун саррофони сухан, ашъори устод Айниро то ба фалак бардоштаанд. Мӯъмин Қаноат падари маънавии халқи тоҷикро аз худ дур андохта бошад ҳам, бегонаҳо С.Айниро ба шарофати шеъраш устод ва узви хонадони худ хондаанд. Шоир, донишманд ва арбоби бузурги ҷамъиятии Ҳиндустон Алӣ Сардор Ҷафрӣ баъди бозгашт аз Тоҷикистон устод Айниро дар як саф бо бузургтарин шоирони форс – тоҷик ва Ҳинд гузошта навиштааст: «Ман аз мамлакате омадам, ки садсолаҳои зиёд забони форсӣ машҳур буд. Дар он ҷо ашъори Хусрав, Файзӣ, Урфӣ, Сайидо, Бедил, Ғании Кашмирӣ ва дигарон танинандоз буданд, бинобар он устод Айнӣ ҳам узви оилаи шоирони Ҳиндустон аст. Дар Ҳиндустон бо номи ӯ ҳамчунон, ки бо номи фарзандони бошарафи худ ифтихор доранд, ифтихор мекунанд».     Аз тарафи ҷаҳониён мамнунона эътироф гардидани Айнӣ дар маҷмӯаи «Шӯҳрати ҷаҳонии Айнӣ» (Душанбе «Ирфон», 1978) ва осорномаи ӯ дар ду муҷаллад тазаккур ёфтаанд.       Ба шеъри С.Айнӣ аз рӯи қонуну қоидаҳои шеъри модерн баҳо додан мумкин нест, зеро он идомаи муваффақонаи назми классикии форс – тоҷик аст. Азбаски устод ҳалқаи пайванди адабиёти ду давраи таърихӣ ба шумор меояд, дар шеъри ӯ ҳам вижагиҳои шеъри суннатӣ, ҳам тозакориҳои назми даврони нав акс андохтаанд. Қаноат бар ин аст, ки «адабиёти даврони амирон бисёр забони зебо буд. Аз Шоҳин сар карда, хуб Ҳайрату Туғралу инҳо. Онҳо услубашон бисёр зебо буд, ҳамон забони адабии классикӣ буд». Аз афташ соҳиби ин суханҳо фаромӯш кардааст, ки чиҳил соли Айнӣ ҳам дар аҳди амирон ҷараён дошт, андак пешу қафо ҳамзамони Шоҳину Ҳайрату Туғрал буд ва забони ашъори ӯ ҳам дар фасоҳату балоғат, санъати сухан, ширинию равонӣ аз забони  онҳо монданӣ надошт, балки волотар ҳам ҳаст, зеро таркиби  луғавиаш хеле ғанист, зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои халқиро устодона истифода мебарад.     С. Айнӣ баробари ҳаёти нав шеъри нав суруд. «Суруди озодӣ» -и ӯ ҳам аз лиҳози мундариҷа ҳам аз ҷиҳати ғоя, ҳам аз ҳайси вазну қофия, истифодаи луғот ва калимабандию сухангустарӣ бесобиқа ва навоварона аст. Ҳамин гуна тозакориҳо дар шеърҳои «Ба шарафи инқилоби Октябр», «Эй Ватан!», «Марсия», «Марши раҳовард» ва дигарҳо ба назар мерасанд. Устод Айнӣ шаклҳои суннатии шеърро барои баёни мазмун, матлаб,ғоя ва образи нав, сухани тоза рӯи кор овард.      Мӯъмин Қаноат қотеъона мегӯяд, ки С. Айнӣ асарҳои худро «бо забони лаҳҷа менавишт». Ин фикри беасос ва тамоман ғалат аст. Айнӣ дар забон ва тарзи баён инқилоб кард. Устод анъанаҳои Аҳмади Донишро дар ҷодаи содда намудани забони насри бадеӣ дар шароити нави таърихӣ давом дода, забони адабиётро ба халқ наздик овард, сабки тозаи насрро эҷод кард. Ба тафаккури халқ наздик намудани забон, ки ин тадбир тақозои рӯзгори нав буд, ҳаргиз омиёна кардани он нест. Сабки эҷодии Айнӣ сабки адабӣ ва образноки оммафаҳм ба ҳисоб меомад. Устод Айнӣ шеваи ягон маҳалро асоси ин сабк қарор надод, баръакс шеваҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшану Панҷакент, Кӯлобу Ҳисор ва дигар шаҳру навоҳии тоҷикнишинро омӯхтаю ба инобат гирифта бо назардошти забони адабиёти классикӣ сабки тозаи забони ягонаи адабии тоҷикро ба майдон овард ва дар таҷрибаи эҷодии худ ривоҷ дод.        Мӯъмин Қаноат бе ҳеҷ далелу бурҳон иброз медорад, ки «Фитрат ба забони гунаи классикӣ навишт. Аз они Айнӣ ҳамааш бо лаҳҷа аст,ки намояндагони дигар лаҳҷаҳо қариб намефаҳманд». Саволе ба миён меояд, ки Айнӣ қиссаю романҳои худро ба кадом лаҳҷа навишт? Мӯъмин Қаноат ба ин савол ҷавоб намедиҳад, зеро забони Айнӣ оммафаҳм аст, аммо лаҳҷавӣ нест. Вай ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон, тоҷикҳои Ӯзбекистон, тоҷикҳои бурунмарзии дур, мардумони форсизабони тамоми дунё дастрас ва фаҳмост. Онро аз чӯпон ё ронанда сар карда то деҳқони хокпош, коргар, зиёӣ, хулоса, тамоми ақвоми ҷомеа ҳамчун забони модарии худ мефаҳманд ва аз мутолиаи асарҳои устод лаззат мебаранд. Зеро С. Айнӣ забони адабии тоҷикиро дар тадқиқи бадеии воқеият, образофаринӣ, манзаранигорӣ, муколама, монолог ва амсоли инҳо устодона истифода бурд. Забони Айнӣ ширадор, дилнишин ва ҳаловатбахш аст. Ҳоло мавриди муқоисаи забони Абдурауфи Фитрат ва Садриддин Айнӣ нест, ҳаҷми мақола намебардорад. Танҳо ёдовар мешавем, ки худи устод дар «Намунаи адабиётии тоҷик» тазаккур дода буд: «Ранги адабиёти нав гирифтани забони тоҷикӣ дар наср аз Абдурауфи Фитрат оғоз меёбад».      Забони Айнӣ зуҳуроти тафаккури бадеӣ ва реалистии халқи тоҷик аст, сабки нависанда бахусус дар манзаранигорӣ, чеҳраофаринӣ, кушодани олами ботинии қаҳрамонон, тасвири эҳсосоту ҳаяҷон ва изтироби онҳо шоирона аст. Суварнигории Айнӣ дар инъикоси ҷилваҳои олами табиати дилошӯби кӯҳистони тоҷик (Қаротегин, Дараи Ниҳон), тасвири чеҳраҳои зебою дилкаши Гулнору Ҳабиба, кушодани олами ботинии «духтари ноком» — Пошшохон ва ғайра пурра ба зуҳур омадааст, ки асарҳои устод «Одина», «Дохунда» ва «Ёддоштҳо» — ро аз назари мутолиа гузаронида ба гуфтаҳои мо метавон эътимод ҳосил кард. Агар насри С. Айнӣ латифу дилназир набуд, донишмандони ватанию хориҷӣ як силсила ҳикоятҳои онро «насри шоирона» ва «шеъри мансур» намегуфтанд. Адиб ва донишманди Эрон Ҳабиби Яғмоӣ дар бораи ҷозибаи сабки «Ёддоштҳо» фармудааст: «Ман хостам бад – ин китоб назари кӯтоҳ биафканам ва бигзорам, аммо шевоӣ ва ширинии матолиб чандон фирефтаам кард, ки то поён набурдам, аз даст наниҳодам».     Донишмандони Эрон забони С.Айниро шабеҳи забони насри классикӣ ба шумор овардаанд. Доктори фақид Саидии Сирҷонӣ, ки чаҳор ҷилди «Ёддоштҳо» -и С. Айниро бо пешгуфтори муфассали илмӣ ба нашр расонда буд, сабки онҳоро  ба «Таърихи Байҳақӣ» (асри XI) шабеҳ менамояд: «Он маҷмӯаи луғоту таркибот ва иборате буд, ки бо ранги дилпазир осори Байҳақӣ дар ин навиштаҳо мавҷ мезад». Доктор Саидии Сирҷонӣ маҳз матолиб ва забони шевои «Ёддоштҳо» —ро , ки ба эрониён наздику фаҳмост, ба инобат гирифта, муаллифро ҳамватани худ мешуморад: «Маҷмӯае, ки пеши чашми шумо, хонандагон қарор гирифта, шарҳи  ҳолгунае аз Садриддин Айнӣ, яке аз шоирон ва нависандагони барҷастаи тоҷик дар қарни ҳозир (қарни ХХ—А.С.) ва яке аз ҳамватанони мову шумо ва ҳамаи касоне, ки фарҳанг ва адабиёти форсӣ пайванд бо шир андаруншудае доранд».      Забони осори Айнӣ на фақат барои тоҷикон, балки барои тамоми форсизабонони ҷаҳон намунаи ибрат ва пайравӣ будааст, ба ҷуз Мӯъмин Қаноат, ки гӯё натавонистааст як китоби ӯро қироат намояд.      Мӯъмин Қаноат тамоми дастовардҳои адабиёти тоҷикро дар қарни XX ва XXI (ба ҷуз Фитрат) инкор мекунад. Аз он ҷумла адабиёти кӯдакон ва наврасонро ба ғайр аз ду –се шеъраки Гулчеҳра ва М. Миршакар, ки осори он азизро низ сиёсатзада мешуморад, ба назари эътибор намегирад, ҳарчанд чи дар замони шӯравӣ ва чи дар солҳои истиқлолияти миллии Тоҷикистон муваффақияти шоирон, носирон ва драманависони мо дар ин ҷода кам нестанд.      Мӯъмин Қаноат худро шоире ба ҳисоб меорад, ки аз дигаргуниҳои сифатии адабиёти Эрон дар қарни XX  ва XXI огоҳ аст. Вай мегӯяд: «Билохира, услуби нав дар Теҳрон пайдо шуд. Нимо услуби нав овард. Забони нав, тарзи тасвири нав. Баъд Аҳмади Шомлу, Эраҷ Мирзову Орифу инҳо. Ирониҳо, ки ба Урупо наздик буданд, ҳама чизи навро тез ёфтанд».        Аммо тавсифе, ки ба тозакориҳои Нимо Юшиҷ ва Аҳмади Шомлу муносиб аст, ба эҷодиёт ва сабки Эраҷ Мирзо ва Орифи Қазвинӣ рост намеояд. Ин ду шоири хеле муқтадир ба майдони адабиёт солҳои зиёд пеш аз Нимо ворид шудаанд, мавзӯю матлаби осорашон сазовори таваҷҷӯҳ бошанд ҳам, сабки таълифоташон суннатӣ аст ва аз сабки классикӣ ҷудоӣ надорад. Дар солҳои Инқилоби машрутаи Эрон Орифи Қазвинӣ шеваи ашъорашро ба мардум наздик овард ва ба мазмуну мӯҳтаво ва оҳанги эҷодиёти лафзии халқ таснифҳои инқилобии озодихоҳона навишт. Осори Орифи Қазвинӣ ва Эраҷ Мирзо бо «шеъри нав» — и Эрон, ки поягузораш Нимо Юшиҷ буда, аз «Афсона» — и ӯ ибтидо мегирад, робитае надорад. Бинобар он эшонро дар як саф бо Нимо Юшиҷ ва Аҳмади Шомлу наметавон гузошт.     Чун сухан аз Нимо Юшиҷ рафт, бояд тазаккур дод, ки ӯ нисбат ба Мӯъмин Қаноат олиҳимматтар ва холистар аст. Нимо Юшиҷ дар маҷмӯаи мақолаҳои худ «Арзиши эҳсосот»(1956) роҷеъ ба шеъри солҳои 20 – 30- юми тоҷик дар муқоиса бо назми Афғонистон изҳори андеша менамояд ва аз ашъори шуарои  афғон пештар ва дилчасптар будани навиштаҳои тоҷиконро таъкид месозад:    «Тоҷикҳо хеле аз афғонҳо ҷилавтаранд. Дар адабиёти афғонӣ далели таъсирҳои хориҷӣ, баъзе мавзӯъҳои тоза аст, ки шуарои он сарзамин наметавонанд бо баёне, ки дархӯри он бошад, он мавзӯъҳоро баён кунанд… Дар сурате, ки дар адабиёти форсӣ баёншудаи тоҷик матлаб иваз мешавад, ҳарчанд ки аз лиҳози ҳунар адабиёти ин сарзамин самараи норас аст, ки саъй дорад то дар баён ва қудрати худ муваффақ шуда бошад, аз ҳайси мавзӯъ қобили таваҷҷӯҳ аст. Махсусан аз замони қатли Ҳакимзода, нависандаи ӯзбак ба ин тараф дар матбуоти он сомон ба мисли «Овози тоҷик» баъзе достонҳои кӯчаки адабиро ба забони форсӣ метавон пайдо кард, ки то андозае дилчасп навишта шудаанд».       Аз мусоҳибаи Мӯъмин Қаноат бо рӯзноманигорони «Миллат» чӣ натиҷа метавон гирифт?      Бармеояд, ки то солҳои 60 –уми қарни ХХ адабиёти асил дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст. То ин давра ва баъд аз он ҳам, дар солҳои истиқлолияти миллии мамлакат ҳам тамоми аҳли адаб машғули шиорзанӣ будаанд. Пас адабиёти ҳақиқӣ дар Тоҷикистон кай арзи ҳастӣ кард? Поягузори он кист? Ба ин саволҳо Мӯъмин Қаноат чунин ҷавоб медиҳад: «Мо ҳамон дар пайравии забони классикӣ печида – печида омадем ба ҳамон солҳои 60. Баъди солҳои 60 –ум мо (яъне Қаноат – А.С.) гуфтем, ки намешавад ин хел. Ин забони мурда, энергия нест, пайванди калимаҳо кӯҳна ҳама. Баъд мо тарзи ифодаро нав кардем».      Пайдост, ки бунёнгузори забони зинда ва сабки тозаи адабиёти муосири тоҷик, шоири ягона, имрӯзу фардои адабиёти миллии мо Мӯъмин Қаноат будааст.   Ғайр аз ин, тамоми роҳбарони ҷамъияти «Пайванд» —ро шахсият намешуморад ва зимнан шахсияти ҳақиқиро ба сарварии он тавсия мекунад. Кист он шахсияти ҳакиқӣ? Албатта, Мӯъмин Қаноат аст! Худоё, инсофу адолат бидеҳ!                                                          АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ профессор 

Ноябрь 17, 2010 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд