БАРРАСИИ РОҲҲОИ ИСТИФОДАИ КОДЕКСИ НАВИ МУРОФИАВӢ

Ноябрь 30, 2010 14:01

         Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – 30  ноябр  дар  Маркази  матбуоти  ҷумҳуриявӣ  дар  мавзӯи  «Роҳу  усулҳои  истифодаи  Кодекси  нави  ҷиноӣ ва мурофиавии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ҷамъомад  баргузор  гардид.  Ташкилкунандагони  ин  ҷамъомад намояндагии  Пажӯҳишгоҳи  «Ҷомеаи  кушод – Бунёди  мадад»  дар  Тоҷикистон  ва Созмони  ҷамъиятии  Маркази ҳуқуқи  инсон  мебошанд. Ҷамъомад  таҳти  сарпарастии  раиси  суди  ноҳияи  Шоҳмансур  Юсуф  Салимов  гузашт.            Дар  он  мудири  Муассисаи  барномаҳои  Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи  кушод – Бунёди  мадад»  дар  Тоҷикистон  Наргис  Бозорова,  ҳамоҳангсози барномаҳои  ҳуқуқӣ Қаҳрамон  Сангинов,  раиси  суди  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Абдулҳаким  Мирзоев,  корманди  суди  ноҳияи  Роштқалъа  Шӯҳрат  Шодиев,  муовини  раиси  суди вилояти  Хатлон  Алишо  Қурбонов ва  дигарон  иштирок  намуданд.               Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки иштирокчиёни  ҷамъомад  масъалаҳои  марбут ба  гузаронидани   мурофиаҳои  судӣ,  таъини  гуноҳ,  бозгардонидани  парвандаҳои  ҷиноӣ вобаста  ба ҷустуҷӯӣ шахсони  ҷинояткор, аз толори  суд ҷавоб  додани  шахсони  бегуноҳ  маҳкумшуда ва  масъалаҳои  дигарро  муҳокима  намуданд.

Ноябрь 30, 2010 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад