БАРРАСИИ РОҲҲОИ ИСТИФОДАИ КОДЕКСИ НАВИ МУРОФИАВӢ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 30 ноябр дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои истифодаи Кодекси нави ҷиноӣ ва мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид. Ташкилкунандагони ин ҷамъомад намояндагии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – Бунёди мадад» дар Тоҷикистон ва Созмони ҷамъиятии Маркази ҳуқуқи инсон мебошанд. Ҷамъомад таҳти сарпарастии раиси суди ноҳияи Шоҳмансур Юсуф Салимов гузашт. Дар он мудири Муассисаи барномаҳои Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – Бунёди мадад» дар Тоҷикистон Наргис Бозорова, ҳамоҳангсози барномаҳои ҳуқуқӣ Қаҳрамон Сангинов, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдулҳаким Мирзоев, корманди суди ноҳияи Роштқалъа Шӯҳрат Шодиев, муовини раиси суди вилояти Хатлон Алишо Қурбонов ва дигарон иштирок намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни ҷамъомад масъалаҳои марбут ба гузаронидани мурофиаҳои судӣ, таъини гуноҳ, бозгардонидани парвандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ҷустуҷӯӣ шахсони ҷинояткор, аз толори суд ҷавоб додани шахсони бегуноҳ маҳкумшуда ва масъалаҳои дигарро муҳокима намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






