БЕМОРХОНАИ ЗАМОНАВИИ АШТ
Суғд, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони беморхонаи ноҳияи Ашт, ки аз соли 1990 нотамом монда буд, аз нав оғоз гардид. Барои идомаи сохтмони ин иншооти зарурии соҳаи тандурустии ноҳияи Ашт аз ҳисоби фонди захиравии сарвари давлат 2 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Бо ин маблағ як қатор корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла пӯшонидани боми бино, корҳои пардозгарӣ, сохтмони фарш, шинонидани дару тирезаҳо сурат мегирад. Бинои беморхона дар масоҳати калон бунёд гардида, барои 150 кати хоб пешбинӣ шудааст ва дорои маркази гармкунии автоматикӣ, чоҳи оби зеризаминӣ, истгоҳи барқӣ, хати обу ташноб мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






