ДИПЛОМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВОЛОГДА

Ноябрь 4, 2010 14:26

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Дирӯз дар шаҳри Вологдаи Федератсияи Русия расми ботантанаи кушодашавии аввалин осорхонаи маҳсулоти тӯрбофишуда ва чорабинӣ бахшида ба Рӯзи якдилии мардумӣ дар театри драмавии  маҳаллӣ  баргузор гардид. Ба ҳайати иштирокчиёни ин чорабинӣ сарварони консулхонаҳои давлатҳои хориҷие, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷойгиранд, ҳамчунин, консулҳои генералии давлатҳои Озарбойҷон, Белгия, Кипр ва Украина, дипломатҳо аз Ангола, Белоруссия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Перу ва Руминия дохиланд. Имрӯз ҳайати намояндагони чорабинии мазкур аз Маркази фарҳангӣ-маънавии «Марқади Брянчаниновҳо» боздид намуда, ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи тахтаи ёдбуди собиқ президенти Озарбойҷон Хайдар Алиев,  дар    кӯчаи Октябри шаҳри Вологда ширкат менамоянд. Дар ин бора сомонаи ҳукумати вилояти Вологда хабар  дод.

Ноябрь 4, 2010 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид