ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ СҲШ ФАРОХТАР ШУД

Ноябрь 26, 2010 14:59

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Ҷаласаи  Шӯрои сарони хукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар пойтахти мамлакат шаҳри  Душанбе  нахуст  бо  маросими  расмгирии якҷояи роҳбарони ҳайатҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,Федератсияи Россия, Чумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Кирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.       Баъдан масоили рӯзномаи кории Ҷаласаи  Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар нишасти ҳайатҳои маҳдуд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.    Роҳбарони ҳайатҳо дар фазои  ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳити созгор ба масоили  вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин таъмини амнияту субот дар қаламрави давлатҳои аъзо табодули афкор намуданд.  Дар нишаст ба масоили таҳкиму тавсеаи  робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шуд. Мубодилаи афкори судманд ва баррасии пурраи рӯзномаи кории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои  аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  сипас дар нишасти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмон, нозирон ва давлатҳои меҳмон бо  иштироки ҳайатҳои васеи ҷонибҳо идома ёфт.    Кори ҷаласаҳо дар ҳайати маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ таҳти раисии Сарвазири Чумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷараён гирифт. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки бо баргузории кори ҷаласаи Шӯрои имрӯза дар назди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар роҳи ба сатҳу сифати баланд бардоштани ҳамгироиҳои байнидавлатӣ вазифаю нақшаҳои мушаххас гузошта шудаанд ва дар фаъолияти минбаъда Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар партави  ҳамин нақашаю вазифаҳо доираи  фаъолияти худро боз ҳам фарохтар хоҳад  гардонид.        Дар рафти ҷаласаҳои ҳайатҳои маҳдуд ва бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар маҷмӯъ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва фаъол гардидани нақши Шӯрои корию Шӯрои байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ муҳокима гардид. Сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  ҳисоботи котиботи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  оид ба ҷараёни ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва буҷети Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро барои соли 2011 тасдиқ карда, оид ба як қатор масоили молиявии созмон қарорҳои дахлдор қабул намуданд.    Дар ҷамъбасти ҷаласа ҳамзамон  сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  Эъломияи Душанберо қабул карданд, ки дар он натиҷаҳои кори ҷаласаи Шӯрои дар шаҳри Душанбе баргузоргардида олӣ ва дар сатҳи баланд арзёбӣ гардида, вақту мӯҳлат ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  дақиқ карда шудааст. Дар ҷаласаи ҳайатҳои васеъ аз рӯи муқаррарот Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Сарвазири Шӯрои давлатии Чумҳурии Халқии Хитой, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ноиби Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Раиси идораи Шӯрои кории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Раиси Шӯрои байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, роҳбарон ва намояндагони давалтҳои нозир ва меҳмонон аз  Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Хиндустон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Муғулистон  суханронӣ карда, оид ба масъалаҳои рӯзномаи кории ҷаласаи Шӯро фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро баён доштанд. Дар охири кори ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо –сарвазирони  Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи ҷаласаи Шӯро Оқил Оқилов ва Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  Муратбек Иманалиев дар назди намояндагони сершумори ВАО-и ватанию хориҷӣ бо изҳороти матбуотӣ баромад карданд. Дар нишаст аз натиҷаҳои кори ҷаласаи  дар шаҳри Душанбе баргузор гардидаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай  ва мувофиқаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ карда шуд.       

Ноябрь 26, 2010 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид