ДУШАНБЕ БО ДЕҲЛӢ НАЗДИК МЕШАВАД
Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ кушода мешавад. Ин матлабро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт. Дипломати ҳинд гуфт, ки бо роҳандозии хатсайри Душанбе -Деҳлӣ равобити иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистону Ҳиндустон густариш ёфта, дар тавсеаи муносибатҳои ҳар ду кишвар саҳифаи нав боз мегардад. Мавриди зикр аст, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфта, то нимсолаи соли 2010 гардиши мол байни ҳар ду кишвар беш аз 20 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Байни ҳар ду давлат Комиссияи муштараки ҳамкориҳои байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дошта, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 34 санад ташкил медиҳад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






