ДУШАНБЕ БО ДЕҲЛӢ НАЗДИК МЕШАВАД

Ноябрь 18, 2010 11:51

Душанбе, 18 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ояндаи наздик хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Деҳлӣ  кушода мешавад. Ин матлабро Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Кумар  Бхаттачарҷӣ зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт.     Дипломати ҳинд гуфт, ки бо роҳандозии хатсайри Душанбе -Деҳлӣ равобити иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистону Ҳиндустон густариш ёфта, дар тавсеаи муносибатҳои ҳар ду кишвар саҳифаи нав боз мегардад.       Мавриди зикр аст, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон беш аз пеш густариш ёфта, то нимсолаи соли 2010 гардиши мол байни ҳар ду кишвар беш аз 20 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Байни ҳар ду давлат Комиссияи муштараки ҳамкориҳои байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратӣ фаъолият дошта, заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро 34 санад ташкил медиҳад.                       

Ноябрь 18, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид