Э.PАҲМОН ЭЪТИМОДНОМАҲОИ САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶРО ҚАБУЛ НАМУД

Ноябрь 22, 2010 18:42

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фақулодда ва мухтори 11  давлати хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафирони Ҷум?урии Мисри Араб Муҳаммад ал-ҳадидӣ, Ҷумҳурии Арабии Яман Муҳаммад ал-ҳилолӣ, Ҷумҳурии Алҷазоир  Рамдан Мекдуд, Судон Муҳаммад Заруг, Қирғизистон  Урмат Саралаев, Финландия хонум Туула Юреля,  Словения Хонум Ада Сливник, Боснияву Гертсеговина Эмир Кадонич,  Куба Абелардо Феррера, Бангладеш Хандакар Абдусаттор ва   Муғулистон Хаваавчийн Аюрзан тақдим намуд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, ки баъди маросими қабули эътимодномаҳо сурат гирифт, аз ҷумла аз авлавиятҳои мавҷуда дар муносиботи дуҷониба бо давлатҳои номбурда ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафирони нави ин кишварҳо баҳри таҳким ва густариши равобити дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Онҳо низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки баҳри рушди муносиботи судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 22, 2010 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад