ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ МАСЪАЛАҲОРО БАРРАСӣ МЕКУНАД?
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 3 то 4 декабри соли равон дар Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар Форуми рушди Тоҷикистон гузориши Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012, натиҷаҳои ноилгардида дар доираи афзалиятҳои миллӣ ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва гузориши Шӯрои ҳамоҳангсозии донорон вобаста ба арзёбии сенарияҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлати рушд шунида шаванд. Инчунин, дар ҷараёни ин Форум мавзӯъҳои мавқеи буҷети миёнамӯҳлат, воситаҳои амалан мавҷудбуда барои маблағгузории рушд, афзалиятҳои ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ, масоили соҳавии энергетика ва инфрасохтор, рушди нерӯи инсонӣ, ислоҳоти бахши кишоварзӣ ва рушди бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






