ГӮШТУ ШИР ЗИЁД , НАРХ ҲАМОНО ҚИМАТ

Ноябрь 25, 2010 09:35

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати чорводорӣ, дар моҳҳои январ – октябри соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт  дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ 103 ҳазору 981 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 6, 3 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ВМКБ 18, 8 фоиз, вилояти Хатлон  8,4, вилояти Суғд  3, ноҳияҳои Ҳисор  18,5, Шаҳринав 10,4, Нуробод  5,1, Роғун  3,2, Тавилдара  2,9, Турсунзода  2,4 ва Ваҳдат 2,2 фоиз зиёд намуданд.    Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамин муддат 504 ҳазору 341 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 3,6 фоиз зиёд аст.     Дар  давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои деҳқонии ВМКБ 6,8 фоиз, дар вилояти Хатлон  6,6, ноҳияҳои Варзоб   9,6, Ҳисор 8,3, Ваҳдат  3,9, Нуробод  3,3, Роғун  2 ва Рашт 1,3 фоиз афзуда бошад ҳам,  нархи он дар бозори истеъмолӣ чун пештара хеле  қимат  боқӣ мондааст.  

Ноябрь 25, 2010 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад