ХИЗМАТИ ХУБИ «ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ»

Ноябрь 17, 2010 09:07

Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти  роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг», дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ  корхонаи мазкур ба миқдори 3,5 млн. сомонӣ бо корхонаҳои тавлидкунандаи мошинолоти кишоварзӣ шартнома ба имзо расонид. Тибқи шартномаи ба имзорасида, «Тоҷикагролизинг» 39 адад трактор, 7 адад мошинҳои ғаллакӯб, 4 адад ядакҳои 2 ПТС -4 -793, 3 адад дорупошак, 13 адад испори ПВН  3 -35 ва 150 сихмола ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.    Аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ бошад, КВД «Тоҷикагролизинг» 35 адад трактор, 82 адад таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи 3,7 млн. сомонӣ харидааст.    «Тоҷикагролизинг» дар соли 2010 миқдори марказҳои хизматрасонии техникиро ба 29 адад расонид.     Соли ҷорӣ дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон 51 адад тракторҳои МТЗ 82-1 ва 51 адад испорҳои ПВН  3 -35 ба ҷумҳурӣ ворид   гардид.

Ноябрь 17, 2010 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид