ИШТИРОКИ НОМҶӮЙ ДАР ОҒОЗИ СОХТМОН
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷиҳати иштирок дар маросими оғози сохтмони сарбанди НБО-и «Сангтӯда-2» Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯй 27 ноябр бо як ҳайати баландпоя ба Тоҷикистон меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки Маҷиди Номҷӯй зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеаи равобити ҳар ду кишварро дар бахши энергетика баррасӣ менамояд. НБО-и «Сангтӯда-2», ки дар ҷануби Тоҷикистон бунёд мешавад, сарбандаш аз қуму шағал сохта мешавад. Сохтмони ин иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегидошта, моҳи феврали соли соли 2006 оғоз гардида буд. Иқтидори он 220 мВт буда, бо сармоягузории Эрон, ки 180 миллион долларро ташкил медиҳад, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки НБО-и «Сангтӯда-2» яке аз он силсиланерӯгоҳҳоест, ки дар дарёи Вахш сохта мешавад. Ҷониби Эрон новобаста ба баъзе мушкилоти сунъӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли 2011 сохтмони ин иншооти муҳими энергетикиро анҷом дода, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






