МӮЪМИНОБОД СЕРОБ МЕШАВАД

Ноябрь 30, 2010 16:28

       Мӯъминобод, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов). – Дар  ноҳияи Мӯъминобод  дар баробари рушди инфрасохтори  маҳал, яъне бунёди  роҳу  пулҳо,  вусъати корҳои  бунёдкориву созандагӣ   бо  ташаббуси  раиси  ноҳия Сафаралӣ Зокиров  боз ду  иншооти обтаъминкунӣ мавриди  истифодаи  сокинони  деҳот қарор гирифт.   Таъмини мардум  бо  об  агар  аз як  тараф  мушкилоти  мардумро ба дастрасии оби  ошомидании тоза  осон намояд,  аз  ҷониби дигар  он   тадбирандешӣ    ҷиҳати амалӣ  гардонидани  Барномаи  « Даҳсолаи амалиёти  об  барои  ҳаёт»  ба ҳисоб меравад.                   Дар  ноҳия, ҳамчунин дар    мавзеи  дурдасти  ҷамоати  деҳоти Чилдухтарон, ки  дар  баландии  беш  аз 2000 метр  аз  сатҳи  баҳр ҷойгир   аст,  иншооти обтаъминкуӣ  васл гардид. Аз ин таҷҳизот   ба   11  нуқта хатти  об  кашида шуд, ки минбаъд  мушкилоти  беобии аҳолии ноҳияро ҳал менамояд. Ногуфта  намонад, ки   давомнокӣ ва  пойдории  истифодаи  ин  иншоот аз  маданияти истифодабарандагони об  вобаста аст.  Бояд  қайд  намуд,  дар  бунёди  ин ду   иншооти   обрасон  беш аз 46 ҳазор доллари  амрикоӣ  маблағ масраф    шудааст.  

Ноябрь 30, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд