«МАДАД»-МАДАДГОРИ КИШОВАРЗ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки КВД «Мадад» дар давоми 10 моҳи соли 2010 ба якчанд ташкилоту корхонаҳои дохилию хориҷӣ барои воридоти техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ шартномаҳо ба имзо расонидааст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, то имрӯз ба маблағи 3 млн. сомонӣ техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла 17 адад трактор, 7 адад комбайни ғалладарав, 9 адад испори тракторӣ ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин муддат аз тарафи корхонаи мазкур ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ ба маблағи 62 ҳазору 450 сомонӣ корҳои хизматрасонӣ анҷом дода шудааст. Корхона дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 17 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ ва дар ноҳияи Рӯдакӣ як адад нуқтаи фурӯши техникаи кишоварзиро ба роҳ мондааст, ки он барои ёрии саривақтӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмат менамояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






