МАРГИ ДУ НАФАР МУҲОҶИР ДАР ВОЛГОГРАД
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, соати 08.30-и субҳи 16 ноябри соли 2010 дар натиҷаи афрӯхтани гулхан дар саҳрои хоҷагии Карповкаи ноҳияи Городишенскии вилояти Волгоград аз ҷониби чаҳор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиш ба амал омад. Бино ба хабари пешакии шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Городишенскии кумитаи тафтишотии вилояти Волгоград таркиш бар асари минаи аз давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқимонда рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар: Аҳмадҷонов Равшанҷон Тӯхтабоевич, ки 8 феврали 1978 дар шаҳри Б. Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст ва Аждаров Ҳусайн Холмуродович, ки 30 марти 1959 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст, ҳалок шудаанд. Ҷасади онҳо 18 ноябри соли 2010 тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон фиристонида шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи ин ҳодиса ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон Ҳайдаров Абдусомӣ Ғаниевич, ки 22 апрели 1976 дар ш. Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст ва Қӯзиев Ғуломҷон Болтубоевич, ки 14 феврали 1981 дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст, ҷароҳат бардоштанд. А. Ҳайдаров дар шифохонаи клиникии №1-и вилояти Волгоград бистарӣ буда, аҳволи ӯ ҳоло вазнин аст. Ғ. Қӯзиев дар шӯъбаи бемориҳои чашми шифохонаи мазкур табобат мегирад. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Волгоград онҳоро дастгирӣ намуда, ёрӣ мерасонанд. Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия бо табибони ҷабрдидаҳо дар тамоси доимианд. Дар робита ба ин ҳодиса, аз рўи иттилои шӯъбаи тафтишотии байниноҳиявии Городишенскии кумитаи тафтишотии вилояти Волгоград корҳои санҷишӣ идома дорад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ хабар доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






