МАРКАЗИ ШУҒНОН — ЗОДГОҲИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН
Хоруғ, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дар деҳаи Миденшорви ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон бунёди иншооти нав ва азнавсозии маркази нави ноҳияи Шуғнон оғоз гардид. Сохтмони иншооти маркази ноҳияро бинокорони ширкати сохтмонии «Бунёд» бар ӯҳда доранд. Тавре садри «Бунёд» Гулаҳмад Шоҳсафедов иттилоъ дод, дар навбати аввал бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта мешавад. Хотиррасон бояд кард, ки соли 2009 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бобати ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Поршнев кӯчонидани маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ба тасвиб расида буд. Поршнев агар аз як тараф зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бошад, аз тарафи дигар хеле ҷамоати обод аст. Дар ноҳия 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 3 осорхона, 6 бунгоҳи тиббӣ, касалхонаи ноҳиявӣ, Маркази фарҳангу фароғат, мактабҳои санъату варзиш, Маркази саломатӣ ва шӯъбаи «Ёрии таъҷилӣ», инчунин корхонаҳои либосдӯзӣ, сангтарошию чӯбкоркунӣ фаъолият доранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






