МАЪЮБОН ҲАМ ИСТЕҲСОЛОТГАРАНД

Ноябрь 10, 2010 09:56

   Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират иттилоъ доданд, ки Корхонаи воҳиди давлатии заводҳои протезию ортопедии (КВД ЗПО) шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – сентябри соли 2010 ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ  ба маъюбон ва дигар табақаҳои ниёзманд корҳои муайянро ба анҷом расониданд.    Дар корхонаи мазкур 91 нафар коргарони баландихтисос фаъолият мекунанд, ки аксарияташонро  маъюбон ташкил медиҳанд.    Маҳсулоти тайёр кардаи корхона ҳар моҳ тибқи варақаҳои дархостӣ ба маъюбон дода  мешаванд.    Корхона дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 12 ҳазору 739 нафар маъюбонро бо маҳсулоти протезию ортопедӣ таъмин намудааст.    Дар  10 моҳи соли ҷорӣ ба маъюбони ҷумҳурӣ 700 адад аробачаи маъюбӣ, 1700 адад асобағал ва 6850 адад асо    дода шудааст.  

Ноябрь 10, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад