МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ СММ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо роҳбари Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои назорати маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов мулоқот кард. Ю.Федотов баъди анҷоми мулоқот зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои вусъати ҳамкории байналхалқӣ, зарурати муқаррар намудани нақшаи доманадори стратегии мубориза ба муқобили паҳншавии маводи нашъадор ва пурзӯр намудани ҳамкории мамлакатҳои аъзои СММ – ро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор додааст. Ю.Федотов изҳор намуд, ки Раёсати СММ дар масъалаҳои назорати маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ тайёр аст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои марбута кӯмаки ҳамаҷониба расонад. Номбурда ба фаъолияти самарабахши Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод. Бояд гуфт, ки агентии мазкур бо дастгирии СММ ташкил карда шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ю. Федотов зимни сафар ба яке аз қитъаҳои сарҳади Афғонистону Тоҷикистон рафта, бевосита бо вазъияти сарҳад ва тадбирҳои мустаҳкам намудани он шинос хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






