МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО КИЁШИ КОДЕРА

Ноябрь 9, 2010 14:20

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёши Кодераро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории босамари дуҷониба баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз соли 1993 оғоз ёфта, дар ин мўҳлат аз ҷониби он ба кишвари мо 140 миллион доллари амрикоӣ грант ва 41 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо шудааст. Айни ҳол ҳамасола ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 14 миллион грант ва 4 — 5 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо карда мешавад. Бо вуҷуди ин таъкид гардид, ки миёни Тоҷикистону Япония имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз хеле зиёданд. То имрўз ҳамкории Тоҷикистону Япония асосан дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ,  рушди зербинои иқтисодӣ, сохтмону таҷдиди роҳҳо, рушди деҳоту тақвияти имконоти кишоварзӣ ва ҳамгироӣ баҳри пешгирӣ аз гармшавии иқлим сурат гирифтааст. Ба гуфти Киёши Кодера, пешниҳодоти Тоҷикистон доир ба иштироки Япония дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми минтақавӣ барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ мавриди омўзиш қарор доранд. Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҷонибҳо омодагии устувори худро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 9, 2010 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад